Categories СИЁСАТ

Иҷлоси XVI: сохтанҳову сӯхтанҳо 7

Талабшоҳи Салом

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 1

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 2

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 3

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 4

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 5

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 6

«Истеъфо»-и дубора

7 сенябри соли 1992 Раҳмон Набиев, президенти вақти Тоҷикистон дар фурудгоҳ маҷбуран истеъфо дод. Вукалои парлумон ҳам, ки ҳамон шабу рӯз мехостанд дар Хуҷанд ҷаласа гузаронанд, қасди хешро пиёда карда натавонистанд, балки ба бӯстонсарои ҳукуматӣ баргаштанд, то дар робита ба истеъфои президент тасмиме бигиранд, аммо ин масъала он рӯз ҳам ҳалли худро наёфт. Ба ибораи дигар масъалаи қонунӣ кардани истеъфои президент то иҷлоси 16 ҳал нашуда буд.

То иҷлоси мавриди назар, ки мухолифони Ҳукумати Муросои Миллӣ, ҳукумати то 7 майи соли 1992-ро барқарор карданӣ буданд, ғайриқонунӣ мустаъфӣ шудани президент дастаки дигаре барои онҳо гашт, то зиддияти худро тақвият бубахшанд ва сари чавкӣ баргардонидани Раҳмон Набиевро низ шомили барномаҳои худ намоянд, агарчи Раҳмон Набиев ва Шӯрои Олӣ ҷиҳати эътироф намудани Ҳукумати Муросои Миллӣ ризоияти худро эълом намуда буданд. Ин иқдом «барқарории ҳукумати конститутсионӣ» унвон мешуд.

Бинобар ин яке аз масоили муҳими иҷлос қонунӣ кардани истеъфои президенти Тоҷикистон буд. Баъд аз он ки Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд, вукало сари масъалаи қонунӣ намудани истеъфои президент тамаркуз намуданд. Чун мухолифони Ҳукумати Муросои Миллӣ, ки бештар сари ғайриқонунӣ будани истеъфои президент таъкид мекарданд, наметавонистанд истеъфои сентябрии Раҳмон Набиев бидуни истеъфои дубораи ӯ ва сари тахт омадани ҳукумати навро ҳукми қонунӣ бахшанд. Барои қонунӣ гуфтани истеъфои президент мебоист худи президент бори дигар истеъфо медод ё аризаи ӯ бекор дониста мешуду дар вазифа боқӣ мемонд. Барои ҳамин пас аз интихоби ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ ин масъала ба миён гузошта шуд ва теъдоде аз зумраи вакилон ба гирифтани ирзои Раҳмон Набиев рафтанд.

Шоми 19 ноябр бо супориши Эмомали Раҳмонов, раиси Шӯрои Олӣ, Маъруф Орифов, Ҳабибулло Табаров ва Абдулмаҷид Достиев аз ҷумлаи он вакилоне буданд, ки ҷиҳати ба даст овардани розигии Раҳмон Набиев дар иртибот ба истеъфо назди ӯ рафтанд. Дар ин бора Абдулмаҷид Достиев дар китобаш навиштааст, аммо мавсуф ҷиҳати мазуъҳои радду бадалшуда, инчунин механизми розӣ кунонидани Раҳмон Набиев чизе нанавиштааст, балки афзуда, ки Раҳмон Набиев шарт гузошт, агар иҷозаташ диҳанд, ки дар иҷлос баромад намояд, он гоҳ истеъфо хоҳад дод. Вақте шарти Раҳмон Набиев ҳузури вукало пешниҳод мешавад, онҳо ду қисмат мешаванд. Як гуруҳ ба он розӣ мешавад, ки Раҳмон Набиев суханронӣ намояд, аммо қисмати дигар иддао менамоянд, ки аризаи ӯ ба овоз гузошта шавад. Мубтанӣ бар натиҷагирӣ қисмати аввалӣ ғолиб меояд ва Раҳмон Набиев ба минбари иҷлос даъват мешавад. Дар ин бора Абдулмаҷид Достиев менависад, ки «дар баромади худ Раҳмон Набиев дар бораи ноадолатиҳо нисбати худаш, рафтори якҷонибаи Телевизиони Тоҷикистон дар робита ба инъикоси ҳаводис ва таҳрифи иттилоъот муфассал сухан ронда, мардуми тоҷикро ба ҳамдигарфаҳмиву ваҳдат даъват кард. Ҳамчунин иброз дошт, ки ба хотири наҷот додани миллат, тақвият ёфтани вазъи сиёсӣ-иҷтимоъӣ, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар омода аст, истеъфо диҳад» (Абдулмаджид Достиев, «Таджикистан: от вооруженного противостояния – к миру и создания», стр.45).

Дар ҳамин ҳол, манзараи мазкурро рӯзноманигор Умед Бобохонов дигар тарз менависад: «Имрӯз, тибқи назарҳои расмӣ, Набиев ихтиёран истеъфо додааст. Ин тавр нест. Вақте ӯро аввалин бор дар иҷлос сухан доданд, президент бисёр ҳарф зад, вале бобати истеъфо чизе нагуфт. Дар чунин ҳол, дар кори иҷлос танаффус эълон карданд ва Набиевро пушти саҳна – боваркунонӣ бурданд… Баъди танаффус боз ба Набиев сухан дода шуд. Номаълум буд, ки пушти саҳна Раҳмон Набиевро кӣ ва чӣ гуна мутақоид карда буд, вале ин маротиба ӯ чизеро гуфт, ки аз вай интирзор буданд: бо назардошти ваъзи мушкили сиёсӣ ба қароре омадам, ки истеъфо бидиҳам…» («Тайны 16-й сессии», «Азиа-плюс», №86 (773), 15 ноября 2012).

Нуқтаи дигареро, ки он ҳам ба истеъфои Раҳмон Набиев дахл дорад, қайд кардан ҷоиз аст. Моҳи ноябр, қабл аз баргузории иҷлос «Либерасон», нашрияи фаронсавӣ як мусоҳибаи Раҳмон Набиевро ба табъ расонида буд. Дар он мусоҳиба Раҳмон Набиев бобати тақдири минбаъдаи президентии хеш гуфтааст, ки «агар мо дар давлати ҳуқуқбунёд зиндагӣ карда истода бошем, ман бояд дар асоси шикаст дар интихобот ба истеъфо равам… Имрӯз ман худро дар ҳолати Звиад Гамсахурдия, ки баъдан, аз Тифлис ронда шуд, эҳсос намекунам. Мехоҳам истеъфои ман аз ҷониби парлумон таъйид шавад».

Бо назардошти ин гуфтаҳои Раҳмон Набиев ва «меҳмонӣ»-и намояндагони парлумон дар назди президент гуфтан мумкин аст, ки воқеъияти навиштаи Умед Бобохонов ҳақиқат дорад. Зеро ҳанӯз авохири моҳи август ва авоили сенятбр президент мехост ба ҳар қимате ҳам бошад, курсии худро ҳифз намояд. Инчунин вақте ба мантиқи «розикунонӣ» таваҷҷуҳ карда мешавад, ба назар мерасад, ки ин маротиб ҳам истеъфо ихтиёрӣ набудааст. Вале ба ҳар ҳол, дар ин айём ҳам президентеро, ки бори дигар интихобот ва дар ҳоли мағлубият ба истеъфо додан розӣ буд, канор заданд. Ӯ охирин баромади худро дар назди вукало 21 ноябр ироа дошт ва бо додани баъзе имтиёзот аз саҳнаи сиёсӣ дур карда шуд.

Мавқеи гулдаст имроншоев, вазири умури дохилӣ

21 нобяр дар иҷлос дигар масъалаи калидие ки болои он баҳс бештар буд, ин идғоми ду вилоят: Кӯлобу Қӯрғонтеппа буд, ки ҳалли худро ёфт. Ҳарчанд мабоҳиси печидае ҷиҳати ин масъала матраҳ шуданд, аммо масъала файсала гардид. Рӯзи душанбе, 23 ноябр ҷаласа бо шунидани ҳисоботи раиси Кумитаи амнияти миллӣ дар робита ба вазъи навоҳии Шаҳритусу Ҳисор ва Шаҳринаву Турсунзода шурӯъ шуд. Ин дар ҳоле буд, ки ба навиштаи «Коммерсант», муҳосираи Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа идома дошт. Мушкилоти мардум меафзуд. Хоса дар Шаҳритус вазъи хеле ваҳиме ҳукмрон буд ва як рӯз қабл, яъне 22 ноябр фирори мардум (дар бораи фирори тоҷикони Шаҳритус дар шумораҳои қаблӣ гуфта будем) ба лаби марз чун мавҷи дарё туғён мекард. Тавре «Коммерсант» дар ин бора менависад, 25 ҳазор нафар фирорӣ ба лаби марз рехтанд. Собиқ вазири умури дохилӣ Мамадниёз Навҷувонов бо назардошти ҳоле ки кишвар дошт, сессияро спектакле беш надонист.

Албатта, чунин манзара касеро бетараф гузошта наметавонист, хоса намояндагони мардумиро. Дар заминаи густариши фирори мардум ва ташаннуҷи авзоъ сарвазир Абдумалик Абдуллоҷонов ва Гулдаст Имроншоев, вазири умури дохилӣ ба Душанбе парвоз карданд. Тавре дар шумораи гузашта гуфтем, ин пешниҳод қаблан аз ҷониби Акбаршоҳ Искандаров ироъа шуда буд, вале вақте ҷиҳати таҳаққуқи амал иқдом сурат гирифт, ки раёсати Шӯрои Олиро Эмомалӣ Раҳмон уҳда мекард. Нафарони номбаршуда, сарвазир ва вазири умури дохилӣ зимни сафари худ ба Душанбе бо 28 тан аз сарварони гуруҳҳои ду ҷониб дар Кофарниҳону Душанбе вохӯрӣ гузаронида, эшонро даъват карданд, ки рӯзи 25-уми ноябр дар ҷаласа ширкат намоянд. Вале танҳо 17 нафари онҳо розӣ шуданд, ки ба Хуҷанд раванд.

Ҷиҳати бардошти вузаро аз ин вохӯриҳо, ростӣ, чизи дақиқеро пайдо карда натавонистем, аммо 24 ноябр, пас аз бозгашт, вақте Имроншоев дар ҷаласа дар иртибот ба сафари худ ҳисобот дод, ӯ бештар вакилонро муқассири ин даргириҳо ва саркашиҳои сарвони сангаргирифта донист. Ӯ гуфт, саркардаҳои гуруҳҳо хоҳишоти сарварони ғайрирасмиеро ба ҷо меоранд, ки имкони таъмини онҳоро бо таслиҳот доранд. «Намояндагони мардумӣ ва масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз асрори ташкил шудани ҷанг хуб огаҳанд. Ва бисёр чизҳо 25 ноябр дар вохӯрии намояндагони расмӣ бо қумондонҳо бояд рӯшан шаванд».

Ҳамзамон нашрияи «Коммерсант» аз номи масъулини Вазорати умури дохилӣ навиштааст, бо вуҷуди он ки гуруҳҳои сангаргирифта 21 техникаи вазнин, 18 ҳазор адад автомат доранд, вазорат метавонад бо онҳо дар набард бошаду ҳадди ақал роҳи қатораро дар Ҳисор аз муҳосира озод намояд, вале ба хотири он ки куштор зиёд нашавад, аз ин амал даст мекашад. Шояд ба ҳамин хотир буд, ки бо қумондонҳо дар музокирот шуданд. Аммо ин ҷо метавонад назари дигаре ҳам матраҳ бошад, ки он ҳам манёври сиёсии ҳукумат дар иртибот ба зиёд нишон додани тавонмандии худ аст. Зеро ҳанӯз авоили моҳи ноябр иҷрокунандаи вазифаи президенти кишвар дар Қирғизистону Қазоқистон ба ҷамоҳири узви ИДМ муроҷеъ шуда буд, то нерӯҳои сулҳхоҳ вориди Тоҷикистон гардад. Пас, агар чунин як қуввае медошт, ки ба даргириҳо хотима бахшад, ба он давлатҳо муроҷеъ мешуд? Ё агар Раҳмон Набиев имкони саркӯб кардани қувваҳоро медошт, истеъфо медод?

Қобили қайд аст, ки баъди баромади Имроншоев баҳсҳои зиёде матраҳ шуданд. Вакилони Шӯрои Олӣ аз вилояти Ленинобод ҳарос аз он пайдо карданд, ки мабодо ҷаласа сабаби доман задани нооромиҳо дар вилоят шавад. Ҳатто кор ба ҷое расид, ки А. Ҳомидов, вакили ШО, раиси вилояти ленинобод уфт, кори иҷлосро қатъ карда, ба ноҳияҳои худ баргардед, вале бо вуҷуди ин вакилон умед ба вохӯрӣ бо қумондонҳо баста буданд.

Дидори мармуз

25 ноябри соли 1992, тавре қарор шуда буд, қумондонҳо дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ ҳузур ёфтанд. Қабл аз оне ки қумондонҳои ҷонибҳо вориди иҷлос шаванд, пушти дарҳои баста бо ҳам вохӯрии дусоата доштанд. Баъд аз он қумондонҳо вориди толор шуда, якум, Сангак Сафаров, сарвари Фронти халқӣ ва дуввум, Ҷумъа Бӯйдоқов бо намояндагӣ аз нерӯҳои мухолифин суханронӣ намуданд. Сангак Сафаров зимни суханронии хеш вакилони Шӯрои Олиро гунаҳкори ҷанг хонд. Ӯ гуфт: онҳо дар толор нишастаанд, ин вакилон. Агар онҳо барои курсӣ мубориза намебурданд, мумкин мефаҳмиданд, ки мардум чӣ мехоҳанд. Ҳоло ҳам вақт ҳаст, то неруҳо пайваст шаванд. Бо чунин як мавзеъгирӣ Сангак Сафаров Шодмон Юсуф, Акбар Тӯраҷонзода ва Тоҳири Абдуҷаборро низ гунаҳкори ҷанг донист. Ин гуфтаҳои Сангак Сафровро нашрияи «Коммерсант» дар саҳифаи худ ҷо додааст.

Ба навиштаи нашрияи номбаршуда, пас аз Сангак Сафаров, Ҷумъа Бӯйдоқов ҳамчун намояндаи ҷониби дигар баромад кард. «Дар давоми вохӯрии дусоата ба натиҷае расидем, ки гунаҳкоронро наҷуста, балки ба қароре бирасем бобати қатъи ҷанг ва халъи силоҳ кардан». Бо баёни чунин як мавқеъ Ҷумъа Бӯйдоқов гуфтаҳои Сангак Сафаровро дар бораи он ки исломиҳои фундаменталистро кӯмак менамоянд, рад намуд. Инчунин қумондонҳоеро номбар кард, ки миёни онҳо русзабону ӯзбактабор низ буданд.

Пас аз он ки қумондонҳои ду ҷониб баромад карданд, боз ҳам кормандони Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амният мавриди интиқоди шадид қарор гирифтанд. Ва ба навиштаи Абдулмаҷид Достиев, ҳама ба қароре омаданд, ки харобкориро хотима бахшида, ба тарбияи руҳии насли наврас кор мегиранд. Бо чунин як мазмун 25 ноябр, соати 22:20 иҷлос хотима ёфт.

Қобили қайд аст, ки дар бораи баъзе норӯшаниҳои дар ин матлаб ишорашуда, вохӯрии қумандонҳо ва натиҷаи он низ барои муаллиф мармуз мондаанд, ҳарчанд баъзе назарҳое дар ин маврид гуфта мешаванд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, аз оппозитсиюн расман онҳоеро нафиристода буданд, ки дар Ленинобод онҳо намояндагии худро аз нерӯҳои мусаллаҳи оппозитсиюн эълон доштанд. Дар ин росто баъзеи дигар мегӯянд, бо ташкил кардани «оши оштӣ» баъзе мансабталошони ленинободӣ мехостанд нақш иҷро намоянд, то қудрати аз дастрафтаи онҳо ҷонибҳоро ба иттифоқ наорад. Ин дар ҳолест, ки баъд аз истеъфои Раҳмон Набиев, Абдумалик Абдуллоҷов қасди ба курсии президенти Тоҷикистон нишастан дошт, вале ба мақсад нарасид. Чунки пуштибони ӯ, ки Ӯзбакистон буд, бояд дар машварат бо Русия тасмим мегирифт, вале билохира, ба гуфтаи таърихнигорон, барои сари маснад овардани Эмомалӣ Раҳмон бо Русия аҳд баст.

26 ноябр бошад, вукалои мардумӣ ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод намудани афродеро, ки зимни бархӯрдҳо, аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят содир кардаанд» қабул намуда, рӯзи 26 ноябрро Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллӣ эълон карданд. Дар ин рӯз, нисфирӯзӣ И. Хоҷаев, як сокини шаҳри Ленинобод гӯсфанд қурбонӣ намуда, оши оштӣ дод.

Дигар масъалаи калидии иҷлос тағйири низоми идории Тоҷикистон буд, ки ҳалли худро пайдо кард. 27 ноябр, гӯё баъд аз ба иттифоқ расидани ҷонибҳо дар Қонуни асосии Тоҷикистон тағйирот ворид гардида, низоми президентии Тоҷикистон ба низоми парламентӣ гузаронида шуд ва қудрат пурра ба дасти Эмомалӣ Раҳмонов, раиси вақти Шӯрои Олии Тоҷикистон гузашт. Ин дар ҳоле буд, ки ҳанӯз 30 апрели соли 1992 Тоҷикистон ба мӯҳлати 6 моҳ ба шакли идораи президентӣ гузашта буд. Дар ҳамин маврид, ба андешаи таҳлилгарон, масъалае қобили баҳс боқӣ мондааст, ки вақте дар Тоҷикистон низоми парлумониро дар асоси иҷлоси 16 ҳоким гардонида бошанд, Қонуни интихоботи президентии Тоҷикистонро моҳи июни соли 1994 дар кадом замина қабул карда бошанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов дар асоси ҳамин қонун ноябри соли 1994 ба симмати президентии Тоҷикистон расид?

Ҳамчунин дар ҳамон рӯз, яъне 27 ноябр, ба навиштаи Абдулмаҷид Достиев, телеграммае аз ноҳияи Шаҳритус ба сессия расид, ки дар он аз ризоияти ба дастомада миёни ҷонибҳои даргир дар ин ноҳия хабар медод ва гуфта мешуд, ки дар гуфтушунид Федор Гритсан, яке аз фармондеҳони неруҳои марзбони рус дар Шаҳритус иштирок доштааст. Ҳамчунин талаб мешуд, ки барои натиҷагирии ин тавофуқ як ҳайати панҷнафараи депутатҳо фиристода шавад.

Фикр мекунам, хабари чунин як тавофуқ дурӯғ буд, зеро шоҳидони аслии воқеъа гуфтанд, онҳо танҳо иҷлосро интизор буданд, на он ки ба иттифоқе расида бошанд. Чун тоҷикони Шаҳритус ба лаби марз расиданд, танҳо пешниҳодҳое мешуданд аз ҷониби ӯзбактаборон, ки аслиҳаи худро супоранд ва бидуни аслиҳа иҷозат доранд, ки баргарданд. Бинобар ин тоҷикон ба шарти онҳо розӣ намешуданд ва дар робита ба ҳалли тақдирашон хулосаи иҷлосро интизор буданд. Сари масъалаи ҷанг ва ё «тавофуқ»-и масокини шаҳристони Шаҳритус поёнтар қисса хоҳем кард, зеро ин масъала хеле тӯлонист, ҳоло бошад, бармегардем ба сессия.

Ба ҳар ҳол, телеграммаро қабул ва талабро пазируфтанд, аммо ҳайат фиристода нашуд. 28 ноябр масъалаи муайян кардани сохтори ҳукумати нав, Шӯрои вузаро, масоили иқтисодиву кишоварзӣ ва ғайра матраҳ буданду рӯзи 29 танаффус эълон шуд.

«Ғайб задан»-и сафаралӣ кенҷаев

30 ноябр бинобар масруф будани Эмомалӣ Раҳмонов ҷаласаи иҷлосро ҷонишини ӯ Қозидавлат Қоимдодов идома дод. Он рӯз ҳам баҳс сари сохтори ҳукумат, аъмоли Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи амният ва васоити ахбори умум буд. Якуми декабр масъалаи даъвати неруҳои сулҳпарвар мавриди муҳокима қарор гирифта, ғайб задани Сафаралӣ Кенҷаевро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд гуфт, то имрӯз дар робита ба адами Сафаралӣ Кенҷаев дар марҳалаи муҳими иҷлос афкори гуногуне ба табъ расидаанд. Аз ҷумла, ба қавли Абдулмаҷид Достиев, вақте дар сессия Сафаралӣ Кенҷаевро ҷиҳати мармуз ғайб заданаш пурсиданд, ӯ гуфтааст, ҳамчун ҳуқуқшинос ба таҳқиқе масруф аст ва то кушода нашудани гиреҳҳои сарбастаи он ҳуқуқи ифшо кардани масъаларо надорад. Вале ба навиштаи Умед Бобохонов, вақте Сафаралӣ Кенҷаев пайдо мешавад, мавриди суол қарор мегирад, ки тӯли рӯзҳои аввали сессия дар куҷо будааст. Сафаралӣ Кенҷаев мегӯяд, аз ҷониби ашхосе рабуда шуда, маҳкум ба ҳабси хонагӣ будааст, то бо истифода аз адами ӯ масоили калидии иҷлос ҳалли худро ёбанд. Ин нуктаро Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби умумии сотсиал-демократии Тоҷикистон низ тайи як сӯҳбат таъкид кард, зеро ба гуфтаи ӯ, вуҷуди Сафаралӣ Кенҷаев дар иҷлосияи 16 ба рафти кор халал мерасонд. Баъдан, афкори мантиқиеро низ матраҳ намудан иштибоҳ нест. Масалан, маҳз барканории Сафаралӣ Кенҷаев аз раъси Шӯрои Олӣ мавсуфро ба сангаргирии ошкору оштинопазир тела дод ва ӯ яке аз муддаъиёни расидан ба курсии раёсати парлумон буд. Дар чунин ҳол, вай метавонист дар иҷлосе ки тақдири раиси он ва президенти кишвар ҳал мешавад, ба таҳқиқ машғул бошад? Албатта, не! Вале ба қавли доираҳои огоҳ, Сафаралӣ Кенҷаев аз ҷониби Хадамоти амниятии Ӯзбакистон боздошт шуда буд, то ба пиёда шудани тарҳи Русияву Ӯзбакистон халал нарасонад.

Аз афкори Давлат Усмон бармеояд, ки дар солҳои 1992 – 1994 Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири Тоҷикистон мавриди бозии Ӯзбакистон қарор гирифтааст. Ҳол он ки қаблан А. Абдуллоҷонов дар симои Ӯзбакистон пуштибони худро медид. Эҳтимол Сафаралӣ Кенҷаев низ, ки аз кӯмаки бевоситаи Ӯзбакистон бархурдор буд, баъди тафоҳуми Русия ва Ӯзбакистон мавриди бозӣ қарор гирифта бошад. Ӯзбакистону Русия бо ба бозӣ даровардани муҳраҳои худ ҳукуматро ба шахси дигар ба таври муваққат доданд, яъне ҳукумат бояд баъди давраи муайяне иваз мешуд, аммо баъдан, ҷараёни кор тавре сурат гирифт, ки ҳукумати муваққатӣ ба ҳукумати «билоиваз» мубаддал шуд.

Дар идомаи кори иҷлос, 2-юми декабри соли 1992 баррасии сохтори Шӯрои вузаро ҳалли худро ёфт. Ҳамчунин Маҳмадназар Солиҳов ба симмати додситони кул таъйин ва Абдулмаҷид Достиев ҷонишини раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда, иҷлоси 16, даъвати дувоздаҳум ба кори худ хотима бахшид.

(Наҷот)

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 1

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 2

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 3

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 4

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 5

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 6

More From Author

You May Also Like