Categories Ахбори рӯз

Иҷозати ҳиҷоб ва идомаи таҳсил дар Франсия…

Иҷозати ҳиҷоб ва идомаи таҳсил дар Франсия...Чанде қабл, мусулмондухтари Фаронсавиро, ки бо исми Соро
ёд мешавад, барои риъояи ҳиҷоби исломӣ
аз тарафи маъмурияти мактаб хориҷ кардаанд.

Ин воқеъа дар атрофи муассисаи таълимӣ боиси сару садо ва  ҳангома
гардида раҳбарияти онҷоро лозим омад, то ки мавқеъи худро дар ин росто иваз
намоянд. Онҳо ба натиҷае расиданд, ки духтарони мусулмонро бо риояи ҳиҷоб дар
муассисаи таълимӣ иҷозати вуруд ва идомаи
таҳсил диҳанд.

Чунончӣ манбаъ хабар медиҳад: аксари Фаронсавиҳо ҳуқуқи
духтарони мусулмонро барои идомаи таҳсил бо риъояи ҳиҷоби исломӣ ҷонибдорӣ
намуданд, ки аз он дар шабакаҳои иҷтимоъӣ хабар дода шуд.

Лозим ба ёддоварист, ки Соро, ки 15 сол дораду шаҳрванди
Франсия мебошад, ду маротиба аз тарафи раҳбарияти муассисаи таълимӣ барои
пӯшиши либоси исломӣ аз идомаи таҳсил маҳрум карда шуда буд. Вале пас аз
вокунишҳо тавре дар боло гуфта шуд, мавқеъи раҳбарияти таълимгоҳ тағйир ёфт. Манбаъ: “Ислам-тудей”

Иҷозати ҳиҷоб ва идомаи таҳсил дар Франсия...

More From Author

You May Also Like