Categories Ахбори рӯз

И. Талбаков: Агар фишор бошад, бо риояи қонунҳо ба ҳама ҷо бояд шикоят бурд

Пас аз интихоботи парлумонӣ садҳо қонуншиканиҳо ва таҳдиду
фишор алайҳи аъзову ҷонибдорони ҲНИТ аз тарафи мақомоти давлатӣ сурат гирифт,
ки дар расонаҳо инъикос гардида, ба прокуратураву суд ва ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон ҳам шикоят бурда шуд, аммо натиҷае надоданд. Сомонаи “Наҳзат” низ
тасмим гирифт, то миёни роҳбарони аҳзоби сиёсӣ дар мавриди ин ки “агар алайҳи ҳизби шумо чунин фишору
таъқиб сурат бигирад, даст ба чӣ коре хоҳед зад” муроҷиат намуд.

Саидҷаъфар
Исмонов, раиси ҲДТ

Агар фишор болои ҳизби мо омад, мо ҷамъ шуда, маслиҳат
мекунем, ки чӣ корҳоро бояд кунем. Дар миёни мо ҳам дигаргуниҳо ҳаст, ба фикри
як одам мушкилӣ ҳал намешавад. Вақте як нафар фикрашро иброз мекунад, ин маънои
онро надорад, ки фикри ӯ манфӣ ё муқобили ҳукумату миллат аст. Аз ин рӯ, фикри
ҳамаро эътирофу ҳурмат кардан лозим аст.

Раҳматилло
Зойиров, раиси ҲСДТ

Вақте болои ҳизби мо фишорҳо мешаванд, мо аз ҳуқуқҳои
конститутсионии худ истифода мекунем. Барои ман гуфтан бисёр мушкил аст, зеро
ҳар як ҳизб мақоми худро дорад ва нисбати мо низ фишорҳо ҳастанд, мо бо дигар
роҳ амал мекунем. Албатта, ҲНИТ ва ҲСДТ миёни худ фарқи калон доранд ва метавонам
бигӯям, ки муроҷиати ҲНИТ ба берун дуруст мебошад. Вақте ҳар як ҳизб зери
хатару фишор мебошад, онро маҳдуд карда намешавад, ки чӣ гуна бояд рафтор
кунад. Аз рӯи сиёсат ҳар имкониятҳое, ки дар ихтиёр дорад, аз он бояд истифода
кард.

Исмоил
Талбаков, муовини раиси ҲКТ

Бо риояи қонунҳои амалкунанда ба тамоми ҷо бояд шикоят
бурд. Яъне дар мавриди фишорҳо аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ инро бояд суд ҳал кунад.
Агар ба ҳизби мо фишороварӣ шавад, мо ба мақомоте, ки барои ҳаллу фасли масъала
салоҳият доранд, муроҷиат мекунем. Инчунин то парлумону дигар ҷо шикоят
мекардем. Инсон дар ҳар ҳизб аз лиҳози эътиқодӣ дохил мешавад ва аризаашро
менависад ё не, вале дар фикраш содиқ мемонад. Фишорҳое, ки болои мо буд, ин
фишорҳое, ки болои ҲНИТ аст ҳеҷ чиз мебошад.

More From Author

You May Also Like