Нахуствазири давлати Фаластин аз Миср ва Эрон ба хотири кӯмак ба шикасти Исроил дар ҷанги 8 рӯза ташаккур кард.
Ба гузориши “Афкор ниюз”, Исмоил Ҳания, нахуствазири мунтахаби давлати Фаластин аз Миср ва Эрон ба хотири ин ки кӯмак карданд Исроил рӯ ба шикаст биёрад, ташаккур кард.
Нахуствазири давлати мунтахаби Фаластин дар ҷашне, ки ба муносибати пирӯзӣ дар ҷанги 8 рӯза тартиб дода шуда буд, гуфт, ки ин муқовимат ва қудрати мардуми Фаластин буд, ки Исроилро аз фиристондани сарбоз ба Ғазза мунсариф кард.
Вай афзуд, ки тасаввури ҳамла ба Ғазза тамом шуда ва бо кӯмаки Худованд боз нахоҳад гашт. Ӯ гуфт, ки мо парчами сафед боло набурдем. Ин Исроил буд, ки ба хотири коре, ки муқовимат бо он кард, оҳи нола сар дод. Ман аз тамоми касоне, ки ба мо кӯмак доданд ба хусус Миср ва Эрон ташаккур мекунам. Дар охир ӯ афзуд, ки Мисри имрӯз аз гузашта фарқ дорад ва мо бо он ифтихор хоҳем кард.