Охирон шанси «Барселона» дар «Ҷоми лигаи қаҳрамонони Аврупо»

Ҳикматуллоҳи Воҳидхон

24.04.2012, 18:20

Сармураббии дастаи «Барселона», Хосел Гвардиола боварӣ дорад, ки дар бозии навбатӣ бо «Челсӣ» дастаи ӯ баранда мешавад ва ба марҳалаи ниҳоии ҷоми лигаи қаҳрамонони Аврупо мебарояд. Дар ин бора, ӯ қабл аз бозии ҷавобии нимниҳоии Ҷоми лигаи қаҳрамонони Аврупо, ки имрӯз дар майдони католонҳо «Камп Нау» баргузор мегардад, иброз доштааст.

«Боварии ман пирӯзӣ аст. Барои пирӯз шудани ин бозингарон 100- ҳо далел ва боварӣ дорам. Медонам, бархе шикасти моро мехоҳанд, аммо иҷоза диҳед то ба беҳтаринҳо бовар кунем. Дар ҳақиқат бозии нимниҳоиҳои мо сангин буданд, мо дарк мекунем, ки бозии якуми мо ба фоидаи мо набуд (дар Лондон 1:0 ба нафъи Челсӣ анҷом ёфта буд). Аммо ҳоло вақти фикр кардан дар он бора нест. Мо муваффақ хоҳем шуд, чунки ҳамаи муваффаққиятҳо ба заҳмати футболбозони мо вобаста аст. Мо бозиро ба нафъи худ анҷом хоҳем дод ва ба Мюнхен хоҳем рафт.»- чунин гуфт Гвардиола ба маркази матбуотии иттиҳодияи футболи Аврупо.

«Ман намедонам, бозии оянда бозии сахттарин дар таърихи мураббигии ман мебошад – иқрор шуд Гвардиола. Ман ҳамеша хушбинона ба мушкилиҳои мавҷуддошта назар меандозам, чунки ба дастаи худам ва ба бозингаронам эътиқод дорам. Ҳар вақте ки мо ба бохт рӯбарӯ мешавем, бароямон гарон меафтад. Аммо чанд рӯз ин ҷониб бовариам зёд шуд ва ҳар кореро, ки метавонем анҷом медиҳем.»- афзуд сармураббии «Барселона».

Ба фикри Гвардеола, бозингарони «Барселона»- ро зарур аст, ки ба хатогиҳо роҳ надиҳанд ва фурсати хуби голзаниро пайдо карда истифода баранд.

Мураббии дастаи «Челси», Роберто ди Маттео низ дар навбати худ иброз доштааст, ки ҳардуи даста барои ба бозии ниҳоӣ баромадан шанси якранг доранд. Ӯ гуфт: «Баъд аз бозии аввал миёни ин ду даста, мо низ шанси хуб ба даст овардем, аммо ҳама медонем, ки дар ин мавқеъ истодани мо душвор аст.»

Мураббии мазкур ҳамчунин афзуд: «Барселона» фурсати хуберо чи хеле, ки дар дигар бозиҳо эҷод мекунад, дар ин бозӣ низ эҷод хоҳад кард. Аз ин рӯ, мо бояд фурсати гол ба онҳо задан надиҳем ва худ лаҳзае пайдо кунем, то тӯберо ба нишон расонем.»

Хотиррасон мекунем, ки бозӣ миёни ин ду даста имшаб – 24.04.2012 соати 11:45 (бо вақти Душанбе) дар майдони «Камп Нау» баргузор мегардад.

More From Author

You May Also Like