Categories Uncategorized

Кабирӣ дар сӯҳбат бо «Платформа»

Раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо дархости пайвастаи онҳое, ки дар гурӯҳи “Платформа”-и шабакаи иҷтимоъии Фейсбук фаъол ҳастанд, имрӯз, 2-уми июл, соъати 3-и баъд аз зуҳр суҳбати вертуалӣ доир менамояд.

Суолҳоро ҳар нафари хоҳишманди гурӯҳи «Платформа» то соъати таъин шуда ва дар ҷараёни сӯҳбат метавонад ба Муҳиддин Кабирӣ матраҳ сохта, интизори посух бошад.
Сӯҳбат бо фаъолони «Платформа» дар марҳалаи хеле ҳассос ва душвор барои ҲНИТ сурат мегирад, ки дар ин ду соли ахир фишору таъқибҳо, ҳатто маҷбуран хориҷ кардани аъзои ҳизб аз сӯи доираҳои алоҳидаи кишвар шиддат ёфтааст. Дар чанд моҳи ахир бошад дарҳои бархе дафтарҳои бахшҳои ҳизбро дар навоҳӣ бастанд ва дуи онро тахриб ҳам карданд.
Эҳтимол маҳз ҳамин тарзи бархурд боиси шиддат ёфтани баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоъии интернетӣ гардидааст, ки ҳоло интизор меравад фаъолони якеи онҳо дар ҳамин маврид суоли бештаре дошта бошанд, ки оқибати ин ҳама то ба куҷо мекашида бошад?!

More From Author

You May Also Like