Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои саркӯби рӯйдодҳои эътирозӣ дар ин кишвар истифода нахоҳад шуд.
Бино бар асоси гузориши радиои Садои Хуросон, ин нуктаҳоро Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони ПаймониАмнияти Дастаҷамъӣ иброз намуда, гуфтааст: “Нерӯҳои пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар рӯйдодҳои эътирозӣ, аз ҷумла ба монанди нооромиҳои шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон иштирок нахоҳанд кард”
Ба гуфтаи ҷаноби Брдюжа, вазифаи пойгоҳи мазкур дар Тоҷикистон танҳо кӯмак ва эмин доштани ин кишвар аз ҳаргуна таҳдидҳои хориҷӣ мебошад”.
Маврид ба ёдоварист, дивизияи 201-уми тирандозӣ мавсуф ба ҷузъу томи Гатчинаи собиқ шӯравӣ пас аз хурӯҷи нерӯҳои низомии СССР дар соли 1989 аз Афғонистон ба Душанбе кӯчонида шуда буд. Дар асоси ин дивизия соли 2004 дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-уми Русия таъсис ёфта, мӯҳлати буду боши он то соли 2014 тамдид гардида буд. Вале дар пайи дидори ахири сарони ин ду кишвар дар 5- октябри соли ҷорӣ Тоҷикистон барои 30 соли дигар мизбонии ин низомиёни русро бар уҳда гирифт.