colorstart:#000000Мулоқоти роҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ин навбат бо масъулини шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҳизб рӯзи 4-уми сентябр доир гардид, ки ба нақши ҷавонон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ бахшида шуд, аз ҷумла ширкат дар интихоботҳо ва муқовимату мубориза бо ифротгароӣ.
“Наҳзат, ба вижа шуъбаи ҷавонони Наҳзат масъул аст, ки ҷавононро аз афтодан ба доми андешаҳои ифротӣ ва тундгароӣ пешгирӣ кунад ва набояд ба ҳама чиз аз нигоҳи рақобат назар андохт, балки ҷавононро аз ҳолати маъюсӣ ва дилсардӣ, ки боиси гароиши бештари онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд, берун кард. Аз Толибону Алқоида ҳанӯз халос нашуда, шоҳиди пайдоиши гурӯҳхои ифротии дигар дар чаҳони ислом шудаем, ки аллакай доманаи фаъолияти худро хеле зиёд тавсеъа додаанду сарони бисёре аз кишварҳо аз нуфузи онҳо бонги хатар мезананд”,-таъкид дошт Муҳиддин Кабирӣ.
Ӯ афзуд, “бо дарназардошти шароити бади иктисодӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсӣ, паҳншавии домани андешаҳои тунди ин гуна гуруҳҳо дар минтақа суръат пайдо кардааст, ки метавонад бисёриҳоро ғофилгир бисозад”, гуфт раҳбари ҲНИТ ва аз афзоиши нуфӯзи гурӯҳҳои тундрав дар минтақа изҳори нигаронӣ карда, бо таъассуф қайд кард: «Ҳукуматҳо дар Осиёи Марказӣ дурнамои минтақа ва миллатҳоро дуруст таҳлил накардаанд ва мубориза алайҳи нирӯҳои муътадилро пеш гирифта, Исломро дар маҷмуъ ҳадаф қарор медиҳанд. Бо саркуб ва тазъиф сохтани нирӯҳои демократӣ ва муътадили исломӣ заминаро барои пайдоиш ва рушди гурӯҳҳои тундрав муҳайё карда истодаанд, ки окибати ин раванд барои миллату кишварҳо таъассуфбор хоҳад буд”.
М.Кабирӣ диду назар ва мавқеъи раҳбарияти ҲНИТ-ро дар ин марҳалаи ҳассоси ҷомеъаҳои исломӣ, бахусус Осиёи Марказӣ ба таври возеҳи рушан ба масъулини шӯъбаи ҷавонон таъкидан шарҳ дода, афзуд, “вазифаи мову шумо ин аст, ки дар баробари ҷалби ҷавонон ба равандҳои демократӣ ва қонунманд, мисли маъракаи интихоботии дар пеш истода, барои дарозмуддат роҳҳои пешгирӣ аз рушди ифротгароии динӣ ва дунявиро низ пайдо намоем. Вақте дар бораи ифротгароӣ ва тундгаравиҳои динӣ суҳбат мекунем, бояд дар ёд дошта бошем, ки як омили пайдоиши тундгароии динӣ доираҳои радикали дунявианд, ки бо иқдомҳои номатлуб ва ифротгароёнаи худ вокуниши тарафи дигарро ба вуҷуд оварда, ҷавононро ба самти ифротгароӣ савқ медиҳанд”./colorend