Абдуллоҳ Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия сартарошии занони фоҳишаро дар Русия шадидан интиқод намуда, инро роҳи ҳалли масъала намедонад.
Ӯ дар сӯҳбат бо «Озодагон» гуфтааст, дар Русия зиёд мешунавад, ки барои фоҳишагӣ сари духтареро тарошидаанд ва ин боиси нигаронист, “ҳатто боре раиси яке аз ҷамъиятҳои минтақавӣ тавсиф кард, ки сари ду духтари тоҷикро қоқ тарошидаанд ва ин амалро дар фоҳишагии ӯ шарҳ дод».
Вале ин амалро ҷаноби Давлатов роҳи ҳал намедонад, калиди ин мушкилиро бояд дар носозгориҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ҷӯст, агарчи дар ин маврид баъзан номардиҳои мардони тоҷик ҳам вуҷуд доранд, гуфтааст ӯ, “баъзе аз шавҳарҳо барои як луқма нон ба Русия омада, ба хотири дарёфти пули бештар ва гирифтани шаҳрвандӣ роҳи осонро дар издивоҷ бо зани маҳаллӣ дида, бо «паёмак»-ҳо занони худро талоқ медиҳанд. Пас, ин зани ҷавон куҷо равад? Аз хонаи шавҳараш ӯро берун месозанд, дар хонаи падар бошад зери маломат қарор мегирад. Барои ин зани бечора ду роҳ боқӣ мемонад: худкушӣ ё сабукпоӣ».
А.Давлатов дар мавриди онҳое, ки даст ба сартарошии занон мезананд, гуфтааст: Ба ҷои сари хонумонеро тарошидан мард бошед, онҳоро пуштибонӣ кунед, то ба иззати нафси онҳо каси дигаре нарасад ва отифияташонро аз даст надиҳанд. Дар ҳама давру замон, занҳои фоҳиша буданду ҳастанд ва мемонанд.
Вале ҳатто ҷанги Афғонистон, ки беш аз 40 сол идома дорад ва ҷанги Чеченистон духтаронро чунин бесаробон накардааст, ки дар Тоҷикистон бонувон ба чунин ҳол расидаанд.
Ин даъват ва нигаронии раиси Иттиҳоди тоҷикон дар ҳолест, ки чанде қабл дар интернет наворе паҳн гардид ва дар он ҷавонони тоҷик ду занро дар фоҳишагӣ ва паст задани номи миллат муттаҳам дониста, онҳоро ба “калкунӣ” таҳдид мекарданд. Ва ду зане, ки худро зодаи вилояти Суғд муъаррифӣ намуданд, далели даст задан ба фоҳишагиро аз ночорӣ ва зарурати таъмини фарзандон мегуфтанд.
Categories
ДИДГОҲ