“Вақте роҳбарони театрҳо соати 10 ба кор меоянду соати 15 корро ба анҷом мерасонанд, дар ин муддат фақат ҳамон барномаҳои 10 -15 соли пешро рӯи саҳна меоранд ва дар кори онҳо навоварӣ дида намешавад. Бо ин тарзи кор завқу ҳаваси тамошобинро ба театр ҷалб карда наметавонанд”, гуфт Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 18-уми июл.
Вазири муҳтрам дар идомаи сӯҳбат зикр кард, ки кормандони театр барои беҳтар гардидани зиндагии худ бояд кор кунанд ва дарёфти маблағро тавассути ба намоиш гузоштани ҳунари худ пайдо намоянд. Вале “мутаассифона онҳо ба тафаккури бозаргонӣ одат накардаанд ва мехоҳанд ҳамаи чиз тайёр бошад”.
Ҷаноби Орумбекзода мушкилоти кори театрҳоро шарҳ дода ишора ба он кард, ки мутаассифона масъулини театрҳо тамошобинони худро ҷалб карда наметавонанд. “Фаъолияти театрҳои дигар кишварҳоро таҳлил кардем, ки чаро таваҷҷуҳи мардум ба театр ва санъати мусиқӣ дар ин кишварҳо зиёд аст, вале дар кишвари мо поин”?
Тавре аз гуфтаи вазири муҳтарам маълум мегардад, масъала ин аст, ки ҳудуди 90:-и хароҷоти корҳои театрӣ аз ҳисоби буҷаи давлат пӯшонида мешаванд, аз нигаҳдошти биноҳо то ба маъоши кормандони театрҳо. Ҷаноиби Орумбекзода афзуд, ки дар мулоқот бо вазирони кишварҳои узви СҲШ, маълум гардид, ки маъоши фаъолияти кормандони санъати мо бо андак таносуб ягона буда, тафовут танҳо дар фаъолияти кории кормандони соҳа будааст. Барои мисол, даромади якрӯзаи “Болшой театр”-и Маскав се миллион рублро ташкил медиҳад ва ин маблағ барои ҳавасмандкунии кормандони театр равона мешавад.
Дар Тоҷикистон ҳам нақшаҳои даромади театрҳоро муайян мекунанд, вале дар ҷамъбаст чизи қобили мулоҳизае ба даст намеояд. Масалан, барои театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ барои як сол дуюуним миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, вале…
Вазири фарҳанг ба раванди муносибат ба нашрияҳои чопӣ ҳам дахл карда, сабаби баста шудани нашрияи “Ҳафта”-ро ба фаъолияти хилофи қонунҳои мавҷудаи кишвар арзёбӣ карда афзуд: Аз ин рӯ, танҳо қонунро талаб кардему халос.
Вазир мавқеъи вазоратро бобати китоби баҳсбарангези “Ҷаҳонбинии оянда”-и Комил Бекзода ҳам баён кард, аз ҷумла ишора ба он кард, ки агар навиштаи муаллиф ба ҷомеъа зиён нарасонад, пас ӯ ҳуқуқи дорад бинависад, “вай фикрашро ҳамчун атеист баён кардааст, ки ҳуқуқи ӯст. Касе хоҳад, хонад, агар нахоҳад, нахонад”.
Яъне ба гуфти ишон вазорат ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки китоби Бекзодаро танқид карда, онро хуб ё бад бигӯяд. Таҳияи китоб ҳуқуқи муаллиф ва мавқеъи шаҳрвандии Комил Бекзода аст. Ва навиштани чунин китоб таҷрибаи ягона дар дунё набуда, дар бисёре аз кишварҳо ин гуна китобҳо интишор мешаванд “Байти бисёр машҳуре ҳаст, ки Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айбе, ки ҳаст дар мусалмонии мост”.
Ҷои тазаккур аст, ки маҳфиле зери номи “Ҷаҳони андеша” соли 2013 китоберо бо ҳамин ном ба нашр расонид бо чиҳил саҳифа, ки яке аз бобҳои он дар мавриди вуҷуди Худо баҳс мекунад. Вақте барои қишри огоҳи ҷомеъа муҳтавои он маълум гардид, баҳсу нигарониҳоеро ба вуҷуд овард.
Categories
ҶОМЕА