Categories Ахбори рӯз

Каромат Шариповро полиси Русия бозпурсӣ мекунад

Раиси Ҷунбиши ”Муҳоҷирони кории тоҷик” Каромат Шарипов дар Русия барои бозпурсӣ ба полиси шаҳри Маскав даъват шудааст.

Шарипов дар суҳбати телефонӣ бо хабаргузории “ВВС” хабари боздошт шуданашро аз тарафи полиси Маскав рад карда гуфтааст, ки дар бозрасӣ ба ҳайси шоҳид барои бозрасии қазияи беинтизомӣ дар бозори “Садовод” – и шаҳри Маскав ширкат дорад.

Тибқи хабаргузориҳо, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия дафтари ин ҷунбиш ва ҳатто манзилу макони зисти Кромат Шариповро кофтукоб кардаанд.

Ба гузориши сайти “tajmigrant.com”, ниҳодҳои зирабти Русия Шариповро дар созмондиҳии беназмӣ дар бозори мазкур, ки 6 сентябр сурат гирифт, айбдор медонанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин беназмӣ ва задухӯрд, ки миёни муҳоҷирон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ рух дода, се муҳоҷири тоҷик захмӣ шуда буданд.

Ҳамзамон метавон гуфт, ки ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ на танҳо аз тарафи корфармоён, балки аз ҷониби кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия низ нақз мегардад ва тавассути полиси ин кишвар латукӯб мешаванд.

More From Author

You May Also Like