nahzat.tj
23.03.2012, 18:30
Дар бораи Китобхонаи миллӣ
Шакли ҷамъоварӣ ва сифати китобҳо
Нимпайкараи классикон оё шахсияти онҳоро таҷассум мекунад?
Дар бораи Китобхонаи миллӣ
Дирӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои Китобхонаи миллӣ ва мулоқот бо зиёиёни кишвар дар ин макон баргузор гашт. Бинои зебою замонавии 9-ошёна ва боҳашамати китобхонаи миллии кишвар, ки рӯ ба рӯяш шакли китоби кушодаро дорад, бо буридани лентаи рамзӣ мавриди баҳрабардории аҳли илму фарҳанг қарор гирифт.
Китобхона бо шароити китобдорӣ, хизматрасонӣ ба муштариён ва дигар меҳмонони ин маркази бузурги фарҳангӣ, иттилоъ дода шуд, ки он аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши фонди китоб, фарогирии хадамоти китобдорӣ-иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Дарозии бино 167 метр ва баландиаш 52 метр буда, масоҳати умумии он баробар ба 45 ҳазор метри мураббаъ аст.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дорои 25 толори хониш бо якуним ҳазор ҷойи нишаст, 28 махзани нигоҳдории китобу санадҳо ва 10 толори маҷлис аст, барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст. Имрӯз фонди умумии китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 6 миллиону 200 ҳазор нусха маводи чопию электронӣ иборат аст.
Дар компютерҳои толори калони хониши электронии китобхона, ки 170 ҷойи нишаст дорад, 500 ҳазор китоби электронӣ мавҷуд аст. Ғайр аз ин тамоми толорҳои хониши электронӣ тавассути интернет бо беҳтарин китобхонаҳои электронии ҷаҳон робита доранд, ки аз афзалиятҳои муҳими ин муассисаи бузург аст. Толорҳои барои чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, аз ҷумла конфронсу симпозиумҳо тарзе бино ёфтаанд, ки дар онҳо то ҳамоишҳои сарони давлатҳоро баргузор кардан имкон дорад.
Шакли ҷамъоварӣ ва сифати китобҳо
Аз китобхонаҳои дигар сохторҳои ҳукуматӣ ба ин китобхона асарҳои зиёд ворид карда шудааст. Баъзе донишмандон ва зиёиёни тоҷик китобҳои худро довталабона ба ин китобхона бахшиданд. Ба таври мисол, чанд рӯз пештар Султони Ҳамад, муассиси сомонаи «Рӯзгор» китобу бастаҳои газету маҷаллаҳои шахсии худро, ки тӯли фаъолияти кории худ ҷамъ карда буд, супурдааст.
Инчунин донишманди саршиноси тоҷик устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар суҳбаташ бо Бӣ-Бӣ-Сӣ бахши тоҷикӣ, ки дар таърихи 18.07.2011 нашр шуда буд, гуфта буд, ки ба сабаби шароити ногувори хонааш ҳудуди чаҳор ҳазор китобашро ба ин китобхона тақдим мекунад. Ӯ гуфт: “Ман китобҳоро ройгон медиҳам, вале фақат бо як шарт, ки бар ивази ин китобҳо ба ман нусхаи электронии ин китобҳоро медиҳанд, то ин ки фарзандонам дар оянда тавонанд аз онҳо истифода кунанд… Ҳоло хондани китоб бароям душвор шудааст. Бештар аз фарҳанг ва луғат бо заррабин истифода мекунам. Масъулони Китобхонаи миллӣ қавл доданд, ки китобҳои маро дар як гӯшаи вижа нигаҳдорӣ мекунанд.”
Вале, ба гуфтаи соҳибназарон, шакли иҷбории ҷамъоварии китобҳо ҳам ҷой доштааст. Як сокини ноҳияи Ҳисор, ки нахост номаш ифшо шавад мегӯяд, ки дар моҳи рамазон имоми масҷид такрор ба такрор дар масҷид аз намозгузорон талаб кардааст, ки бояд деҳаи онҳо 70 адад китоб барои Китобхонаи миллӣ супорад, бидуни ин ки ин ёдгориҳои фарҳангӣ заруранд ё на. Ӯ иброз дошт: «Ба сабабе, ки мардум китоб надоштанд, ман ба ҷойи онҳо аввал 14 адад китоб ва баъдан як миқдори дигар китоб супоридам, ки аксари онҳо нолозим буданд. Ба ин маъно нафарони зиёд мегӯянд, ки аз мо масъулин иҷборан китоб талаб намуданд.» Албатта, механизми ҷамъоварии китобҳо ба ҳамин шакл таъсири манфӣ дар сифати китобҳо хоҳад дошт.
Нимпайкараи классикон оё шахсияти онҳоро таҷассум мекунад?
Тавре аён гардид, ба хотири гиромидошти арзишҳои волои миллӣ, бузургдошти мероси пурғановати ниёгон ва зиндасозию абадигардонии хотираи неки таърихӣ дар намои бинои китобхонаи миллӣ нимпайкараи 22 чеҳраи намоёни илму адаб ва фарҳанги миллати тоҷик, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯбакри Розӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Ибни Муқаффаъ, Робияи Балхӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ҷойгир шудаанд.
Вале ба гуфтаи аксар соҳибназарон баъзе аз нимпайкараҳо ба шакли нохуш тасвир ёфтааст, ки нуфузи он муаллифро коста мегардонад. Ба гуфтаи Исмоил сокини шаҳри Душанбе, ин нимпайкараҳо ба шакли як чеҳраи нуроние бояд сохта шавад, ки муҳаббати хонанда ба эҷодиёти муаллиф афзояд.
Дар хулоса метавон гуфт, ки Китобхонаи миллӣ дари худро барои мухлисони фарҳанг боз кард ва умедворем, ки китобхона дар роҳи рушди илму фарҳанги тоҷикистониён кумак хоҳад расонд.