Categories ТАҲЛИЛ

Кишварро ба харобӣ мебаранд

Ба ҷои муқаддима

Ҷурахон Кабиров, сокини ҷамоати “Кӯлоб”-и ноҳияи Кӯлоб, ҳанӯз аз замони наврасӣ, яъне беш аз 50 соли умри худро дар мубориза ба беадолатиҳо сипарӣ кардааст. Ва ба хотири расонидани шикоят ба таври шифоҳӣ ва хаттӣ дари чандин идораву ташкилотҳои ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатиро низ кӯфта бошад ҳам, дар бисёр ҳолатҳо ӯро аз ин гуна ҷойҳо рондаанд. Гузашта аз ин, ба чандин нашрияҳои давлатӣ муроҷеъ шуда бошаду натиҷае ба даст наоварда бошад ҳам, бо вуҷуд, навмед нест ва тасмимаш як аст: то ахири ҳаёт, то он даме ҷон дар рамақ дорад, ба беадолатиҳо мубориза мебарад.
Ахиран ин марди мубориз ва хастанопазир бо дарду алами зиёд ва як баста ҳуҷҷатҳо вориди идораи нашрияи “Наҷот” гардид, то шикоёти мардумро тавассути ин нашрия ба дигарон расонад.
Зимни суҳбати муқаддимавӣ Ҷ.Кабиров гуфт, масъулин барои ҳарфҳои ҳаққу ошкорбаёниҳояш ӯро мавриди фишор қарор дода, ҳатто то минбари маҳкама ҳам кашола кардаанд.
Ишон ҳамчун сокини ноҳияи Кӯлоб қиссаи хешро аз он оғоз кард, ки субҳи ҳамон рӯзе, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб сафар дошт, ӯро афроди номаълум аз назди хона барои 5 дақиқа ба ШКД-и шаҳри Кӯлоб даъват мекунанд, вале дар ин идора ишонро бо ҳамроҳии тахминан 20 нафари дигар, то соати 19- 00 нигоҳ медоранд. Нигоҳ доштани онҳо ба таври тӯлонӣ танҳо ба он хотир будааст, ки дар вохӯрии сардори давлат мабодо ҳузур пайдо карда, чизе аз беадолатиҳои мақомотро дар рӯ ба рӯи Президент ошкор созад, ки оқибаташ шармандагии онҳо бигардад.

Ба Душанбе, ҳамчун маркази додрасонӣ

Ҷ.Кабиров мегӯяд, барои расонидани шикоёт ба гӯши мақомот, 27 маротиба ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст ва дар зимн чандин бор ба дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, ба хотири мулоқот бо ҷаноби Э. Раҳмон ҳам муроҷеъ шудааст, вале бенатиҷа.
Бо Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ се маротиба рӯ ба рӯ суҳбат ва аз амалкарди номатлуби масъулини шаҳри Кӯлоб ишонро иттилоъ додааст.
Барои тақаллуб ва заминфурӯшии ошкор 5 маротиба тавониста, ки то қабулгоҳи ҷаноби Шерхон Салимзода, прокурори генералӣ бирасад, вале боре ҳам ин ҳомии назорати иҷрои қонун ӯро ба ҳузур напазируфтааст. Агарчи муовинони Прокурори генералӣ шикояти ин сокини ноҳияи Кӯлобро гӯш кардаву дастуротеро ба мақомот ва идораҳои маҳаллии марбута ирсол дошта бошанд ҳам, натиҷа як чиз: бо ҳарфҳои бепоя сафед кардани мақомот ва посух додан ба дастурҳоро шоҳид будаву халос.
Ба ҳар ҳол, тавре Ҷ. Кабиров иқрор ҳаст, то ба имрӯз чизе тағйир наёфтааст.
Таври маълум, омаду рафт аз Кӯлоб то ба Душанбе ва баръакс масрафҳои худро дорад, вале ин марди адолатҷӯ, тамоми ин хароҷоту даводавҳо ва муборизаву талошҳояшро аз ҷайби худ ва ба хотири мардуми оддӣ медонад.

Заминфурӯшӣ…
Мушкилоти аслие, ки сокини ҷамоъати “Кӯлоб” бештари муборизаи хешро сарфи он кардааст, ин амали заминфурӯшии масъулини маҳаллист, аз ҷумла амали Олими Зайд, собиқ раиси ҷамоати “Кӯлоб” ва Бобохони Салим, раиси феълии ҳамин ҷамоат.
Тавре ӯ аз дохили бастаи ҳуҷҷатҳояш якеро мехонад, ин идда аз масъулин агар заминҳои обӣ ва чарогоҳҳои мардумро фурӯхта бошанд ҳам, то ба имрӯз ба роҳат гашта истодаанд.
Дар зимн Ҷ.Кабиров барои ошкор намудани ин камбудиҳо мактуби шикоятие унвонии Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ҳам бо далелҳое ирсол доштааст, чарогоҳҳои мардум аз сӯи афроди пулдор харида шудаанд. Ҷаноби Қ.Расулзода низ ба мақомоти давлатии иҷроия дар шаҳри Кӯлоб мактуби супоришие ирсол доштааст, вале бо гузашти як моҳ аз амру дастури сарвазири кишвар нишоне намондааст.
Ӯ мавзӯъро тавзеҳ дода мегӯяд, роҳбарони ҷамоат заминҳоро ба чанд нафари пулдор мефурӯшанд, вале касе намегӯяд, ки ин амал зидди гуфтаҳои сардори давлат аст ва ё ғасби ин гуна чарогоҳи молу гови мардуми бечора мамнуъ дониста мешавад. Охир онҳо бо нигоҳ доштани чанд сар бузу гӯсфанд ва гове зиндагии худро кам ҳам бошад, мечархонанд.
Ҷӯрахон Кабиров дар даст рӯйхатеро низ нигоҳ медорад, ки аз як хонавода то чор нафар соҳиби замин гардидаанд, вале мардуми дигари серфарзанди бечораҳол имкони соҳиби қитъаи замин шуданро пайдо накардаанд.
Вақте аз ишон пурсидем, ки оё вақте бо Саймуъмин Ятимов дар заминаи заминфурӯшиву порагирӣ суҳбат доштаед, ӯ далел пурсид ва шумо чӣ ҷавоб додед, Ҷ.Кабиров масъаларо шарҳ дода гуфт: ду ҳамсоя дорад, яке нодор бо чаҳор сунҳору набераҳо ва дигаре пулдору молдор. Ҳамсояи пулдор тавониста, ки соҳиби чор қитъаи замини наздиҳавлигӣ шавад, вале ҳамсояи бенавову бечораи дигараш имконе надоштааст, ки ҳатто як қитъаи заминеро барои фарзандони соҳиби оилаву фарзанд барояшон дарёфт намояд.
Ин масъаларо ишон ҷиддӣ гирифта, таъкид мекунад, ки Ҷаноби Олӣ борҳо, ҳатто дар Паёми ахири худ гуфтааст, заминҳои обӣ ва “президентӣ” барои киштукоранд. Вале мақомот бо сӯистифода аз мансаб ин гуна заминҳоро мефурӯшанд ва тавре иқрор ҳаст, гӯё бо як корманди хадамоти амниятии Кӯлобшаҳр ҳамкорӣ дошта, ки ӯ рӯйхатеро дар ихтиёраш қарор додааст. Дар ин рӯйхат оилаҳое хилофи қонун соҳиби замин шудаанд, яъне онҳо ниёз ба замини наздиҳавлигӣ надошта бошанд ҳам, бо василаи пора соҳиби замин шудаанд. Дар ҳоле ки ниёзмандон интизори дарёфти ин гуна қитъаи заминанд.
Дар мавриди ба фурӯш гузоштани заминҳои обӣ Ҷ. Кабиров бо Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси кумитаи телевезион ва радиои назди ҳукумати ҶТ ҳам суҳбат намудааст ва ҷаноби А. Раҳмонов бонуи хабарнигореро аз шаҳри Кӯлоб муваззаф сохта, ки ин масъаларо барои намоиш дар ТВТ дунбол намояд. Баъди анҷоми кор хабарнигори мазкур ба як амалдори кӯлобӣ гуфтааст, агар ин наворро ба намоиш гузоранд, чандин нафар ба маҳкама кашида мешавад.
Ба ҳар ҳол, аз маводи таҳияшуда, танҳо пораеро дар ТВТ пахш кардаанду халос.
Ҷ. Кабиров суҳбати худро бо хабарнигори “Наҷот” суоломез идома дода мегӯяд: Чаро дар манотиқи алоҳидаи Тоҷикистон хонаҳоеро, ки гӯё ғайриқонунӣ сохта шудаанд, тахриб месозанд, вале ҳатто хонаеро, ки дар заминҳои обӣ ва “президентӣ”-и харидашуда дар минтақаи Кӯлоб сохта шудааст, вайрон намесозанд?
Зеро, мегӯяд сокини ҷамоати “Кӯлоб”, мақомот аз “мафияи кӯлобӣ”-ҳо метарсанд. Бубинед, дар заминҳои “президентӣ” хона месозанд, аммо касе ҷуръати интиқод гирифтани ин амалро надорад. Ҳамчунин ишон қайд мекунад, ки Олими Зайд ва Бобохони Салим, ки заминфурӯши карданду мекунанд, пуштибони худро дар долонҳои Маҷлиси намояндагон ҳам доранд.
Ӯ бо дард мегӯяд, дар Тоҷикистони азиз ҳамагӣ 7%-и замин обӣ ва кораманд, вале масъулини ҷамоатҳо ҳамин 7%-ро низ ба фурӯш гузоштаанд, агар ин кор идома ёбад, дигар дар мавриди заминҳои обӣ ва корам ҳарф задан маънӣ надорад.
Аз ҳама ҳарфи ҷиддии Ҷ.Кабиров ин аст, ки ӯ бо далел дар бораи истифода шудани 7 га замини хоҷагии деҳқонӣ дар ҷамоати “Кӯлоб” ҳамчун “Автодром” ҳарф мезанад. Яъне гӯё яке аз фарзандони раҳбарияти давлат ин заминро маҳз барои сохтмони ҳамин гуна марказ аз худ кардааст.
Сокини ҷамоати “Кӯлоб” бо хитоб унвонии Ҷаноби Олӣ мегӯяд: Шумо сардори давлату ғамхори давлат мебошед, вақте фарзандони мақомоти олии кишвар бо ин тарз амал мекунанд, оё оқибати кор чӣ мешаваду тақдири заминҳои обӣ ба чӣ анҷом меёбад?
Ҷ. Кабиров қазияи заминфурӯширо дар минтақаи Кӯлоб идома дода иқрор мекунад, ки Зоир Қурбонов, як корманди Кумитаи заминсозии шаҳри Кӯлоб ҳам дар фурӯши заминҳо даст дорад. Барои мисол, хирмани пахтаеро бо роҳҳои номаълум ба нафаре фурӯхтааст, дар ин маврид Ҷ.Кабиров ба прокурори Кӯлоб шикоят бурда бошад ҳам, кадом натиҷае надодааст.

Мушкилоти возеҳ ва ба маҳкама кашидани Ҷ.Кабиров

Аз суҳбат бо ин марди хастанопазир ва сокини ноҳияи Кӯлоб ҷанбаи дигари рӯзгораш ошкор мешавад, ки барои ошкорбаёнӣ мақомот ӯро фишор оварда, ҳатто бо “пайдо кардани далел”-е ба маҳкама ҳам кашидаанд. Яъне духтари ӯ гӯё мактабро тарк кардааст. Аммо ишон ин “даъво”-ро шарҳ дода мегӯяд, духтараш зимни хондан дар синфи аввали мактаб дар дастонаш озах пайдо мешавад ва ҳамсолон нисбати ӯ нафрат пайдо мекунанд. Падар ба табобати кӯдак шурӯъ мекунад, аммо табобат вақте анҷом мегирад, ки ҳамсолон аллакай синфи дувумро хатм мекунанд. Маъмурият ин духтарчаро дар синфи савум қабул намекунад ва пешниҳоди такроран дар синфи якум хонданро медиҳанд. Вале кӯдак аз талабаҳои синфи аввал, ки ду сол аз ӯ хурданд, шарм дошта, ба мактаб намеравад ва бо ҳамин сабаб аз мактаб канор мемонад.
Маҳз бо ҳамин камбуд Ҷ.Кабировро ба мизи маҳкама мекашанд, он ҳам бо дастури раиси ҷамоати “Кӯлоб”. Суд ӯро барои пардохти қариб 8 ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлат ҳукм мекунад. Оқибат бо радду бадалҳои зиёди Ҷ.Кабиров ҷарима камтар мешавад ва ҳамин тавр баҳси он аз байн меравад.
Ҳамзамон мушкили дигареро ҳам дар муқобили ӯ пеш гирифтаанд, ба фарзандаш, ки хидмати аскариро қариб ду сол қабл анҷом додааст, билети ҳарбӣ намедиҳанд. Ӯ бо ин масъала ахиран ба Вазорати дифоъ муроҷеъ шуда, ки дар он ҷо ваъдаи ҳалли масъаларо додаанд.

Хулоса

Аз суҳбат ва суолу посухи ҷанбаҳои мухталифи зиндагиномаи Ҷӯрахон Кабиров чунин натиҷа бармеояд, ки навиштаҳои боло дарди дили нафари муборизе мебошанд баҳри адолат ва ҳақиқат, агарчи диду назар ва мавқеи ҷонибҳои дигар ин ҷо истифода нашуданд. Албатта онҳо ин ҳақро доранд, агар дар ин маврид ҳарфи гуфтание дошта бошанд.
Тавре дар боло ишора рафт, Ҷ. Кабиров ҳанӯз аз замони наврасӣ ҳақро дар рӯ ба рӯи масъулин мегӯяд, вале агар то замони хушунату рӯёрӯиҳои солҳои 90-ум даъвоҳо суде мебахшиданд, ҳоло ба гуфти ӯ, шикоят кардан “ба гӯши фил Қуръон хондан”-ро мемонад.
Ишон бо суол ин қисмат аз суҳбати хешро анҷом мебахшад, ки чаро амру дастурҳои роҳбари давлат мустақим иҷро намешавад? Чаро гуфтаҳои Шерхон Салимзода вақте амалӣ намешаванд, тафтишот анҷом намегирад? Магар бо ин гуна амру дастурҳои ноиҷро мушкилот аз байн мераванд? Оё мақомот муваззаф нестанд, ки барои мушкилоту камбудиҳо ва ноъадолатиҳои пайваста дар назди мардум ҷавоб бигӯянд? Оё таърих онҳоеро, ки даст ба хиёнат мезананд, фаромӯш месозад?
Бо ин ҳама суолҳо, Ҷ.Кабиров як посух дорад: агар амру дастуроти роҳбарияти давлат амалӣ намешаванд, эҳтимолияти ба харобӣ бурдани Тоҷикистон афзоиш меёбад…

More From Author

You May Also Like