Даври дувуми интихоботи президентӣ дар Афғонистон нишон дод, ки тақсимбандии афкор дар ҷомеъаи ин кишвар шиддат ва густариш ёфтааст, агар ҷанбаҳои дигари масъаларо истисон намоем. Ва ҳар ҷонибе ба таври худ диду назари хешро дар мавриди чӣ касоне дар сари қудрат будан дар Кобул ва дурнамои Афғонистон дуруст ва асл медоданд. Кор ба ҷое расид, ки ҳама чиз дар ҳолати бумбаст қарор гирифта буд.
Вале ҷаноби Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА зимни як ташрифи таъҷилии хеш ба Кобул, дар ҳамоҳангӣ бо намояндаи хоси СММ дар Афғонистон тавонист, ки ду даъвогар ба мақоми президентӣ: Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзайро аввал дар сӯҳбати алоҳида ва баъдан дар ҳузури якдигарӣ бо ширкати иддае аз аъзои тимҳои интихоботии ҷонибҳои баҳс мутақоид бисозад, ки натиҷаи бозшумории такрориро новобаста ба ғолибияти кадом ҷонибе қабул намоянд.
Ҳафтаҳо гузаштанду бори аввал ишораи номатлубе аз ҷониби ҷаноби Ҳомид Карзай, президенти амалкунанда дар мавриди эълони рӯзи баргузории қасамёдкунии президенти тозаинтихоб садо дод, ки вокунишеро ба дунбол дошт. Ин тарзи эълон ва пайдо шудани вокуниши сареъ аз он далолат медод, ки қалбҳо дамкарда ба назар мерасанд ва эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки ҷониби «интихоботбохта» эълони ғолибияти рақиби хешро таҳаммул карда натавонад. Ба ин хотир, фикр мекунам, аз ҳама бештараш таъсиси ҳукумати эътилофӣ барои давраи гузор аст, он ҳам зери назари парлумон, то интихоботи ғайринавбатии президентӣ.
Ҳоло Ҷон Керрӣ бори дигар ру овардааст ба Кобул ба хотири поин бурдани баҳс ва эҳтимоли густариш ёфтани танишҳое, ки миёни ду рақиби даъвогар ба мақоми президентӣ боқӣ мондаанд. Шоми 7-уми август гуфтугу дошта бо доктор Абдуллоҳ ва ҷаноби Аҳмадзай, муҳтавои онро дар даст надорем.
Дар воқеъ доктор Абдуллоҳ гуфта буд, шумориши раъйи мардумро мақомот ба нафъи А.Аҳмадзай тақаллуб кардаанд, вале феълан 8 миллион раъй зери назари СММ бозшуморӣ шуда истодааст.
Дипломати амрикоӣ ҳамчунин бо Ҳомид Карзай ҳам мулоқот доир менамояд ва маълум нест, ки ин мулоқот ба чӣ хотир аст?!
Ба ҳар ҳол, дафтари Ҳ.Карзай эълон дошта, ки натиҷаҳои ниҳоии интихобот бояд дар ҳамин моҳ маълум гарданд.