Categories Ахбори рӯз

Кобул: Давлат ва ҳукумате бидуни ғолиб

Дирӯз, 21 сентябр дар Кобул натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентӣ дар зери сояи тавофуқи сиёсӣ миёни ду номзад эълом гардиданд. Тими аввал ё барандаи интихобот президент ва раиси кобинаи ҳукумат эълон шуд, ки сохтори идораи давлат ва барномаҳо барои ҳукуматро дар худ дорад.
Тими дуввум бошад, раиси шӯрои иҷроия мешавад ва ҳафтае як бор ҷаласаи иҷроияи хешро доир менамояд.
Ҳамзамон вазоратхонаҳо ҳам миёни ин ду тим тақсим мешаванд, яъне тақсимот ба гуфтаи як тим бар асоси асли баробарии 50+50 ва бар асоси изҳороти тими дигар мубтанӣ бо қоидаи таъодул ранг хоҳад гирифт. Аммо ба ҳар сурат, ин ҳукуматро ном Ҳукумати Ваҳдати миллӣ ва ду номзад ба мақоми президентӣ шакл мегирад.
Афғонистон барои аввалин бор рекорди интихоботи бидуни баранда ва бозандаро дар ҷаҳон қоим сохт, вале ҳоло боз ҳам нуктаи муҳим рафтан ба масири бозшудаи сиёсӣ дар сафҳаи ҷадиди ин кишвар аст, ки оё чеҳраҳои мутахосим ва ғолибан даргири ду тим то чи ҳад хоҳанд тавонист бар чолишҳои эҷодшудаи сиёсӣ- амниятӣ дар Афғонистон то 5 соли баъдӣ хомӯш ё пирӯз бимонанд?
Комиссиюни мустаъқили интихоботи Афғонистон ҳам имрӯз натоиҷи интихоботро эълом медорад ва мунтазири аз ҳад зиёди мардум дигар таҳаммул надорад, зеро тамоми корҳои фаннии марбӯт ба интихобот ба поён расидаанд. Аммо доктор Абдуллоҳ ҳушдор дода, ки то ба тавофуқи комил нарасидани ту тими интихоботӣ КМИ аз эълони натоиҷи интихобот худдорӣ намояд ва аз беэътибор шудани овозҳои бекоршудаи Аҳмадзай ҳам эълон бидорад. Ин талабро ҷаноби Аҳмадзай рад кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ройзаниҳо барои имзои тавофуқнома то шоми рӯзи гузашта дар Арк идома доштанд ва бештари талошҳо ин буда, ки пеш аз эъломи натоиҷи интихобот, тавофуқномаи сиёсӣ ба имзо расад, ки чунин ҳам шуд.
Ҳарду номзад дар як матни чаҳорсаҳифагӣ рӯи чанд меҳвар ба тавофуқ расиданд. Яъне бар ин асос, мақоми раиси Шӯрои иҷроӣ бо фармони президент дар рӯзи баргузории маросими қасамёдкунӣ эҷод мешавад.
Ҳамчунин дар тавофуқнома омадааст, пас аз ду сол бо баргузории Луи ҷирга ва тағйири Қонуни асосӣ, симмати раёсати Шӯрои иҷроӣ ба Садри аъзами иҷроӣ ё Сарвазир табдил мешавад.
Дар воқеъ, раванди ба тавофуқ расидани ду номзад ё рақиби сиёсӣ бо миёнҷигарии ИМА анҷом гирифт, ки се моҳ тул кашид ва ҳоло доктор Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба чунин як санад, ки дар намояндагони онҳо ҳукуматро тули 5 сол ба таври баробар идора мекунанд, имзо гузоштанд.

More From Author

You May Also Like