Наздик ба 7 миллион интихобкунанда дар даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон ширкат кардаанд, ки рӯзи 14-уми июн баргузор гардид. Ҳамин тавр 58%-и шаҳрвандони ҳуқуқи раъйдошта дар ин интихобот ширкати хешро зарур донистаанд, мегуяд родиои «Салом Ватандор».
Аҳмад Юсуф Нуристонӣ раиси комиссюни мустаъқили интихоботӣ дар конфронси матбуъотӣ гуфтааст: Аз миқдори умумии ширкаткардаҳои дар интихобот 62%-и онро мард ва 38%-ро занон ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, сардори хадамоти кашофии Афғонистон Раҳматуллоҳ Нобил изҳор дошта, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ аз 473 иқдоми терористӣ пешгирӣ кардаанд, ки дар рӯзи интихобот бояд сурат мегирифтанд.
Тибқи иттилоъи ВАО-и маҳаллӣ, 14 нафар шаҳрванди мулкӣ дар рӯзи баргузории даври дувуми интихобот ба шаҳодат расида, наздик ба 100 нафар захм бардоштаанд.
Вазорати кишвар иттилоъ медиҳад, ки дар рӯзи интихобот силоҳбадастон 150 маротиба ҳамла кардаанд ва 121 участкаи интихоботӣ бо сабабҳои амниятӣ дари хешро боз карда натавонистанд. Шумораи ба шаҳодатрасидаҳоро вазорати кишвар аз 14 то 30 нафар эълон медорад.
Ҳамчунин аз кушта шудани 15 сарбоз ва 11 пулису 1 намояндаи комиссиюни интихобот низ хабар дода мешавад. Дар раванди интихобот 60 силоҳбадасти «Толибон» кушта шудаанд.
Аммо имрӯз 16-уми июн генерал Зоҳир Азимӣ, намояндаи вазорати дифоъ имрӯз аз кушта шудани 18 низомӣ ва 39 шаҳрванди мулкӣ дар рӯзи интихобот хабар медиҳад. Ба гуфти ин мақомдор шумораи бештари кушташудагонро занону кудакон ташкил медиҳанд ва талафоти санитарии низомиён ҳам ба 74 нафар мерасад.
Дар ҷараёни раъйдиҳӣ 506 ҳолати таҳдиди амниятӣ, аз ҷумла 231 таркиш, як ҳамлаи интиҳорӣ ва 273 ҳолати тирпаронии ҳадафманд ба қайд гирифта шудааст, ки бештар аз даври аввали интихобот будааст.
Categories
ҶАҲОНИ ИСЛОМ