Categories ҶОМЕА

Компютеркунонӣ ва воқеъият дар Кулоб

М. Мустақим, Кӯлоб

Тӯли 9-10 сол аст, ки барномаи компутаркунонии мактабҳо дар кишвар пиёда мешавад. Вале ба назар мерасад, ин барнома ҳам мисли дигар ҳисоботи оморӣ назарияе беш нестанд, зеро ҳарчанд компютеркунонӣ идома дорад, аммо паҳлӯи дигари масъаларо низ ба назар бояд гирифт. Ба ибораи дигар танҳо як ҷиҳати компутаркунонии мактаҳо ба воқеият мувофиқат мекунад. Ин ҳам бошад, бо компутар таъмин кардани мактабҳои минтақаи Кӯлоб аст, ки бештар амалисозии ин кор аз ҷониби хазинаи президенти кишвар амалӣ мегардад. Аммо тавре гуфтем, паҳлӯи дигари масъала вуҷуд дорад ва онро самаранок истифода намудани компютер ташкил медиҳад. Ҳол он ки шогирдон намудҳои компутарро намедонанд. Бо компутар чӣ амалҳо иҷро мегарданд, тасаввуроте надоранд. Аз ҳама бештар дар байни ноҳияҳои минтақа мактабҳои ноҳияи Балҷувон бо компутар таъмин шудааст. Замоне маълумот гирифта будам, ки ба ҳар як чор нафар хонандаи ноҳия як компутар рост меояд. Вале дар робита ба аз худ кардани компутар бошад, натиҷаи дилхоҳе ба назар намерасад, ки ин дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ хеле хуб эҳсос мешавад.

Як сабаби бо компутар кор карда натавонистани шогирдон ин амалан наомӯхтани компутар аст. Мактабҳо ба идораҳои маориф маълумот пешниҳод мекунанд, ки дар вақти набудани барқ генератор ё худ дигар дастгоҳи барқдиҳӣ доранду дар ҳолати набудани барқ аз онҳо истифода мекунанд. Аммо дар асл бошад, чунин ҳолат дида намешавад. Вақте лимити қувваи барқ оғоз шуд, талаба на генераторро мебинаду на компутарро. Бо вуҷуди чунин як вазъ идораҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб маълумот пешниҳод мекунанд, ки ҳама корҳо хубанд, генераторҳои барқдиҳӣ мунтазам кор мекунанд.

Масалан, моҳи гузашта дар мактаби миёнаи рақами 41, деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик будем. Дар ҳоле ки барқ набуд, масъалаи мавриди назар матраҳ мешуд. Аз Мӯнисаи Қиёмиддин, хонандаи синфи 10 пурсидам, ки бо компутар озод кор карда метавонӣ? Посух дод, ки «навишта метавонам, вале барои кори мустақилона дар компутарро омӯхтан бояд курси иловагӣ хонам.

Кароматуллои Тоҷиддину дигар ҳамсабақонашон дар ҷавоби ба суоли «дар як сол чанд моҳ бо компутар амалӣ кор мекунед?», посух доданд, ки ҳамагӣ ду моҳ, боқӣ, ҳафт моҳи дигар дарсҳоямон назариявӣ мегузаранд.

Ин ҳам дар ҳолест, тибқи иттилои шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик, аз 46 мактаби ноҳия 40-тоаш бо компутар таъмин ҳастанд, ки теъдоди умумии компутарҳои макотиб ба . 290 адад мерасад, ҳол он ки 400 адад компутар метавонистааст, талаботи макотиби ноҳияро дар ростои муҷаҳҳаз будан бо компутар қонеъ гардонад. Вале мушкилоти дигаре низ талабагонро дунбол буда: дар ноҳия ҳамагӣ 30 нафар омӯзгори фанни технологияи информатсионӣ ба шогирдон дар 32 синфи компутарӣ дарс медиҳанд. Ҳамагӣ 14 мактаби ноҳия бо барқ пайваст буда, 3 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ноҳия дастгоҳи хурди барқдиҳанда доранд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамолбӣ Самадоваи 22-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар курси семоҳаи компутарӣ мехонд, гуфт: дар давоми 5 соли омӯзиши компутар дар мактаби миёна ҳеҷ маълумоти коршоямеро гирифта натавонистам. Дар муддати 5 соли омӯзиши фанни технологияи информатсионӣ ҳамсинфони ман танҳо тавонистанд якчанд маротиба ба утоқи компутар ворид шаванду халос. Бинобар ин ба ҷуз чор-панҷ нафар ҳамсинфам, ки хамӯшу рӯшан кардани компутарро ёд гирифтанд, дигар касе чизе аз худ накард. Баъзан бачаҳои синфамон ҳамроҳи худ диск оварда, дар компютер мусиқӣ гӯш мекардем. Зеро амалан ҳамин қадар чизро мефаҳмидем. Барои ҳамин ман маҷбур шудам дар курси пулакии семоҳаи омӯзиши компутар бихонаму нисбати кор бо компутар маълумоти васеъ пайдо кунам.

Барои исботи гуфтаҳои боло ба мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 24, ноҳияи Кӯлоб рафтем. «Чӣ тавр компутарро мувофиқи қоида рӯшану хамӯш мекунанд?», суоле буд, ки ба хонандагон ироа шуд. Посухи аниқе дода натавонистанд эшон. Пурсидам, ки бо компутар чанд моҳ амалӣ кор мекунед? Гурӯҳи духтарони синфи 10 посух доданд, ки «ҳамагӣ 2 моҳ дар як сол бо компутар кор карда метавонем». Сабаб пурсидам, онҳо посух доданд, ки барқ нест. Ба пурсиши он ки «мактаби шумо генератори барқдиҳӣ надорад?», посух доданд, ки «бо чунин дастгоҳҳо бо компутар ҳеҷ гоҳ мо кор накардаем. Дар як сол ҳамагӣ дар моҳи сентябр ва як моҳи охири таҳсил, моҳи май бо компутар кор карда метавонему халос».

Иҷрокунандаи вазифаи директори мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 24 Иззатмоҳ Қувватова сабаби ба ин ҳад будани дониши талабагонро фанни технологияи информатсионӣ дар набудани муаллими асосии фанни компутар шарҳ дод. Вай гуфт: мо аввал як муаллимаро аз ҳамин фан ба кор гирифтем. Бо сабаби ба рухсатии ҳомилагӣ баромаданаш бачаҳо боз бе муаллим монданд. Маҷбур шудем, як ҷавони курси семоҳаи компутарихондаро ба кор қабул намоем, ки ӯ на ҳама паҳлӯҳои ин фанро ба хубӣ медонад. Компутар танҳо манбаи тамошо кардани консерт ва филмҳо нест-ку….

Директори мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 23-и Кӯлоб Раҷабалӣ Сангов бошад мегӯяд, мо як адад генератори 3 кВта ва ду адад ганератори 1 кВта дошта, онҳоро дар ҳолати зарурӣ истифода мекунем. Аммо шогирдони синфи 11- и мактаби мазкур ҳарфҳои ӯро рад намуда, гуфтанд, бо роҳандозии лимити барқ аз омӯзиши амалии компютер маҳрум мешаванд.
Ба ҳамин сабаб мутахассисон тахмин мезананд, 70-75% хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии минтақа бо компутар хуб кор карда наметавонанд. Бо интернет бошад, 95% шогирдон кор карда наметавонанд ва маълумоте дар бораи он надоранд.


(Наҷот)

More From Author

You May Also Like