Майк Тайсон: «Аз мусалмон буданам, Худоро шукр мекунам»

Собиқ қаҳрамони машҳури ҷаҳон оид ба бокс, Майк Тайсон дар як мусоҳибаи густурдаи хеш дар шабакаи “Fox news” муносибаташ бо динро шарҳ додааст.

Майк Тайсон дар ин мусоҳибааш изҳор намуд, ӯ аз тақдир ва сарнавишташ аз ин ки мусалмон аст, Худоро шукр мекунад. Инчунин мавсуф илова намуд, “Худованд ҳаргиз эҳтиёҷ ба ман надорад, ин ман ҳастам, ки муҳтоҷи он Зотам.”

Ӯ бо изҳори таассуф аз он ёдовар шуд, ки дар тӯли ҳаёт ҳеҷ гоҳ хоксору фурӯтан набудааст: “Дар ҳақиқат дар бадани ман ягон «устухончаи сабр» вуҷуд надорад. Ба пиндори бештари инсонҳо ман фарде хоксору мутавозиъам, вале воқеъияти ҳол дигар аст. Ман пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳам то ки дорои чунин сифат бошам, аммо ин басо амри маҳол аст. Агар чи дар умум фурӯтанӣ ба он маъност, ки худро хеле ҷиддӣ қабул намекунӣ. Ман талош мекунам то ки дорои ин сифат бошам.”

Соли 2013 Майк Тайсон дар поинтарин сатҳи зиндагӣ қарор дошт. Шаробхорӣ, истеъмоли маводи мухаддир ва иттиҳомоти ҷиноӣ аз қабили амалҳое, буданд, ки нисбат ба Майк мансуб дониста мешуданд.

Қаҳрамони мазкур иттифоқан қувва ва ҷозибаеро дар худ пайдо мекунад, ки равиши зиндагиашро куллан таъғир медиҳад. Ӯ дар дар филми мазҳакавии «Меҳмондори дар Вегас» баҳси телевизионии худро манзури тамошобинон мегардонад.

Дар китоби хотиротии “Ҳақиқати ғайри қобили инкор”, ки ба тозагӣ мунташир шудааст, Майк Тайсон ошкоро дар бораи ҳаёти худ дар варзиш ва берун аз он қисса мекунад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар ҷумҳурии Қазоқистон қаҳрамони мазкур дар як мусоҳибааш изҳор дошт, ки ӯ шукргузор аз он аст, ки духтарчааш дар айёми хурдсолӣ ба дунёи дигар сафар кардааст, чун ҳадиси Пайғамбари акрам (с) далолат бар он мекунад, ки чунин тифл падару модари худро шафоъат мекунад.

More From Author

You May Also Like