Бузургтарин масҷиди Русия дар ҳошияи Маскав қарор дорад ва пазироии 60 ҳазор намозгузор аст.
Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, ба нақл аз хабаргузории “russia today”, бузургтарин масҷиди Русия, ки пазироии 60 ҳазор намозгузор аст, масҷидест, ки иҷозаи сохти он дар моҳи августи соли гузаштаи мелодӣ содир шуд.
Ба гуфтаи Олбер Курганов, узви яке аз ҷавомеи исломии Русия бар асоси тахминҳо чандин миллион мусалмон дар шаҳру минтақаи Маскав зиндагӣ мекунанд. Аз он ҷо ки чор масҷиди Маскав посухгӯи ин теъдод нест, тасмиме мабнӣ бар сохти масҷид дар ҳошияи Маскав ба роҳ гузошта шуд.
Ин масҷид яке аз бузургтарин масҷидҳо дар кишварҳои истиқлолёфта пас аз фурӯпошии ҷамоҳири шӯравӣ аст.
Ба гузориши манбаи мазкур, ба далели фазои андаки масҷидҳои Маскав, мақомоти ин шаҳр ба мусалмонон иҷоза медиҳанд, то барои баргузории намози ҷамоат ва маросими муҳим аз хиёбонҳои шаҳр истифода кунанд, аммо ин мавзуъ сабаби ихтилоли рафту омад шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти Русия, сохти ин масҷиди бузург метавонад бахше аз ин мушкилот барои намозгузорон ва дигар шаҳрвандони Русияро ҳал кунад.