Categories Uncategorized

ҲНИТ дар ҷустуҷуйи шарикон дар интихобот Вижа

Нависанда: Лола Олимова – сардабир дар “IWPR” дар Тоҷикистон

Баргардонкунанда: Неъматуллоҳи Амонбек

Ҳизбе, ки аз ҳама бештар интихобкунанда дорад, дарк кардааст, ки танҳо наметавонад ба ин маърака биравад

Гуруҳи аз ҳама асосии мухолифони Тоҷикистон ҲНИТ умедвор аст, бо дигар аҳзоби сиёсии мухолиф барои пешниҳоди номзади ягона дар интихоботи президентӣ муттаҳид шавад, аммо интихоби номзад як раванди мураккаб ба бор омад.

Ба он нигоҳ накарда, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парламент аз 63 ҷой фақат 2 курсиро соҳиб аст. Ин ҳизб 42 ҳазор аъзо дорад ва ин шумораи аъзо онро баъд аз ҳизби ҳокими  Э. Раҳмон ба бузургтарин ҳизби сиёсии кишвар ва ягона ҳизби исломӣ дар Осиёи Марказӣ табдил медиҳад.

ҲНИТ дар давоми ҷанги панҷсолаи шаҳрванди то имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997 неруйи асоси буд ва вақте неруҳои низомии худро мунҳал эълон кард намояндагони и неруйи сиёси дар Ҳукумат курсиҳоро соҳиб шуданд.

ҲНИТ бештар ба ҷомеъаи рустоӣ, ки дар қисмати шарқӣ ва ҷанубии Тоҷикистон зиндагӣ доранд такя мекунад, аммо ноумедии ҳамагонии мардум дар давраи раёсати Раҳмон шароитро барои дастгири пайдо кардани ин ҳизб дар байни қишрҳои дигари аҳолӣ мисли қишри дар ҳоли ташаккули миёнаҳол, муҳайё кардааст.

Президент Раҳмон, ки аз соли 1992 дар қудрат мебошад, қодир аст дар ин интихобот пирӯз шавад. Зеро пешбарии чанд номзад аз ҷониби якчанд номзади мухолиф интихобкунандаи муътаризро пора мекунад ва аҳзоби аслии мухолиф имконияти пешбарии номзади ягонаро баррасӣ мекунад.

Бо ин ҳадаф, 2 июли имсол ҳизбҳои ҲНИТ, Сотсиал-демократ ва Демократ якҷоя мулоқот баргузор карданд, ки дар он имконияти ташкили Эътилофи интихоботӣ баҳсу баррасӣ шуд. Аммо ин маълум шуд, ки ин саҳлу осон нахоҳад буд, зеро демократҳо дар ҳамон ҷо эълом доштанд, ки бо номзади худ дар ин маърака ширкат хоҳанд кард.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё ин ду ҳизб метавонанд дар бораи номзади ягона ба тавофуқ биёянд ва агар посух мусбат бошад, пас оё ин ду ҳизб қодир ҳастанд як шахсияти қавиро пайдо кунанд то битавонад рақиби воқеъии Раҳмон шавад.

Феълан аз ин се ҳизб дида ҲНИТ интихобкунандаи аз ҳама бештар дорад, аммо ин ҳизб метавонад аз эътилофи васеъ фоидаи зиёд ба даст биёрад, зеро як қисмати интихобкунандаи тамоюл ба дунявият доштаро номи ин ҳизб метарсонад.

Муъовини раиси ҲСД Ш. Ҳакимов мегӯяд, ки барои ҲНИТ муҳим аст, ки интихоби номзади ягона аз ҳизби дигар дар робита бо ҳушёрӣ нишон додан дар қиболи исломи сиёсӣ, ки паёмади нооромиҳо дар Шарқи Наздик ва кишварҳои Африқои Шимолӣ мебошад, сурат бигирад

Дар суханронии худ дар як маърака дар Москва рӯзи 5 июл ба муносибати имзои Созишномаи 1997 роҳбари ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ изҳор дошт, ки намехоҳад ҷомеъаи тоҷикро ба ду қисм тақсимшуда, яъне онҳое, ки ҳизби диниро дастгирӣ мекунанд ва онҳое, ки зиддаш ҳастанд, бибинад.

Кабирӣ афзуд, ки худаш намехоҳад ба ҳайси номзад аз мухолифин пешниҳод шавад.

Раҳбари ҲСДТ Раҳматилло Зоиров қаблан изҳори омодагӣ барои пешниҳод шуданро карда буд.

Аммо дар ҳоли ҳозир ягон аксуламале аз ҷониби аҳзоб дар ин бора нашудааст.

Ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, Директори созмони ҷамъиятии «Перспектива+», Зоиров байни сокнинони соҳибмаълумоти шаҳри Душанбе машҳур аст, аммо у бояд барои интихобкунандаи рустоҳо мубориза кунад.Барои ҳамин ҲНИТ номзади пурқудраттарро ҷустуҷу дорад, ки дар байни қишрҳои дигари ҷомеъа низ матраҳ бошад.

Абдумалик Қодиров, мудири минтақавии “IWPR” дар Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи ташкили иътилофи пешазинтихоботӣ ширкат кард, мегӯяд, пешрафти муносибро дар ин мулоқот надидааст.

«Эҳтимоли зиёд дар ҳоли ҳозир ҲНИТ ҳанӯз намехоҳад номзадии Зойировро дастгирӣ кунад.»- қайд кард Қодиров.

«Зойиров ҳуқуқшиноси хеле босавод аст, аммо ҳизби вай пурқудрат нест ва вай шахсияти романтик аст, аммо нафарон дар ҲНИТ прагматик – амалгаро мебошанд.»- мегуяд Бобоназарова

Сиёсатшинос аз Душанбе Нуралӣ Давлатов пешбинӣ мекунад, ки ҳар гуна мувофақа дар ин замина байни ҲСДТ ва ҲНИТ маҳдуд мешавад.

Вай иброз дошт, ки аҳзоби дигари сиёсӣ намехоҳанд бо ҲНИТ робитаи корӣ дошта бошанд, зеро ин ҳизб дар зери фишор дар натиҷаи маъракае, ки аз тариқи расонаҳои давлатӣ  ба роҳ монда шудааст, қарор дорад. Дар ин робита, ҳамеша бар ин таъкид доранд, ки имкон дорад ҳизб ба неруйи ташаннуҷовар табдил шавад.

Ба ғайр аз ин, дар июли 2012 раиси бахши вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Сабзалӣ Мамадризоев гум шуд  ва баъди се рӯз ҷасади ӯро пайдо карданд.

Узви дигари ин ҳизб дар ВМКБ Шерик Карамхудоев дар моҳи майи ин сол ба ҷурми даст доштан дар амалиёти низомӣ зидди нерӯҳои давлатӣ соли 2012 ба муддати 14 сол равонаи зиндон шуд.

Чанд нафар аз аъзои ин ҳизб мавриди лату куб қарор гирифтанд, ахираш дар нисбати муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит дар апрели ин сол чунин амал сурат гирифт. Баъди маҳкумияти байналмиллали ин ҳамла, мақомоти давлатӣ бозҷуиро шуруъ карда, ҳар гуна тобиши сиёсии онро рад карданд.

Мақомоти ҳизбӣ ҳамчунин дар бораи иттифоқоте, ки мақомоти маҳаллӣ монеъи баргузории нишастҳои шуъбаҳои маҳаллӣ шуда ба аъзои ҳизб фишор меоварданд, то ки аз узвият дар ҳизб даст бикашанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода сардабири ҳафтаномаи ҳизбии «Наҷот» мегуяд, ки ба кормандони давлатӣ, мисли муаллимон, табибон пешниҳод мешавад то  аз байни пеша ва мансубияти сиёсӣ, якеро интихоб кунанд.

Вай афзуд: «Агар узви ҲНИТ деҳқон бошад ба ӯ бо таҳдид аз кашидани қитъаи замин аз дасти ӯ бо ҳар васила, масалан аз сабаби нодуруст истифода кардани замин ва ғайра, муносибат мекунанд.»

Сайфуллоҳзода иброз дошт, ки сафи шумораи аз ҳизб хориҷшудагон дар ҳоли афзоиш аст.

Дар мулоқоти ахири президент Раҳмон дар Душанбе бо имом-хатибони масоҷид, ки аз ҷониби ҳукумат назорат мешаванд, зарурати вуҷуд доштани ҳизби сиёсии диниро зери шубҳа гузоштанд ва пешниҳод карданд вожаи «Ислом» аз номи ҳизб гирифта шавад.

Зиндонӣ кардани як сиёсатмадори мухолиф ва талош барои истирдоди дигари нишон медиҳад, ки риски зиёд вуҷуд дорад ва ҳар сиёсатмадори мухолиф, ки ҳукумат дар симои он рақиби билқуввваи сиёсиро бинад эҳтимол дорад бо он барбихурад.

Ба соҳибкор Зайд Саидов баъди эъломи сохтани я ҳизбии сиёсии нав иттиҳоми дузди, таҷовуз ва хасорат ба буҷаи кишвар зада шуд. Вай изҳор карда буд, ки ин сол дар интихобот иштирок намекунад ва Умарали Қувватов . ки ҳануз дар зиндони Дубай аст баръакс изҳор дошт, ки дар интихоботи президенти иштирок хоҳад кард.

Манбаъ: Сомонаи “IWPR”

More From Author

You May Also Like