2013-08-05, 11:41
Оё дар Тоҷикистон сармоядороне ба миқдори миллиону миллиард доллар вуҷуд дорад? Агар ҳастанд, оё онҳоро ҷомеъа мешиносад? Баъдан, ин тоифа саҳме дар рушди иқтисоди Тоҷикистон доранд ё хайр?
Абдуллоҳ Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикони муқими Русия:
“Ростӣ, ба ин савол ҷавоби воқеъӣ дода наметавонам. Чун дар Тоҷикистон озодии иттилоъот вуҷуд надорад ва оморҳои дақиқро наметавон ба даст овард. Фақат тахмин зада мешавад, ки фалонӣ фалон миқдор мол ё дигар ашё дорад ва ё баръакс.
Чун нафарони кордону муваффақ, мисли Зайд Саидов бо туҳмат паси панҷара мешаванд, дигаронаш худро ошкор намекунанд ва ё сарваташонро аз Ватан берун мекашанд, магар мансабдорони баландмақом, ки як гуна ҳифзшаванда аст. Аммо ин афрод, албатта, ягон саҳме дар рушди иқтисоди Тоҷикистон надоранду саъй ҳам намекунанд.
То ҷое медонам, ҳамон мансабдорони баландмақоми имрӯзаи Тоҷикистон, сарвати ғайриқонунӣ ба даст овардаи хешро аз Тоҷикистон берун бурда, дар хориҷа, аз ҷумла Русия қасрҳову иншоотҳои гуногун мехаранд.
Афсӯс, ки қонунҳои сангини андозу гумрук, санҷишҳои пайдарпайи соҳибкорон, набудани механизмҳои риояи қонун ва контроли мансабдорон аз тарафи ҷомеъаи шаҳрвандӣ, имконият намедиҳад, ки ҳатто бонкҳову ширкатҳои худӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон саҳмгузорӣ кунанд. Ин дар воқеъ ҷои таассуф аст!”
Сайфуллоҳ Муллоҷонов, муаррих:
“Касе бояд иддаъо надошта бошад, ки ину он нафар сармояи миллионӣ ё миллиордӣ доранд. Оё метавон дар заминаи тахмин нафареро чунин унвон гузошт?
Бар асоси ҳадсу гумон набояд касеро ба ин рӯйхат шомил кунем. Пули касони дигарро шумор кардан хилофи меъёрҳои ахлоқист. Ман пойбанди чунин ахлоқам. Аз ин рӯ, банда миллионереро дар Тоҷикистон намешиносам!”
Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони муқими Маскав:
“Бале, вуҷуд доранд ва кам ҳам нестанд. Чанде аз атбоъи тоҷик дар феҳристи бойтарин афроди ҷаҳонӣ ҳастанд, инро маҷаллаи «Форбзи» ҳам нашр кардааст.
Масалан, маҷалла чандин бор акси Ҳасан Асадуллоҳзода, додарарӯси раисҷумҳурро чоп карда, аз бойтаринҳои Тоҷикистон ном бурдааст. Дар ҳамин гурӯҳи пулдорҳо ва миллионеру миллиардерҳои тоҷик метавон Амонуллоҳ Ҳукумов ва баъзеи дигар чеҳраҳоро низ ном бурд.
Мутаассифона, иқтисоди Тоҷикистон фоидае аз моликияти ин ашхос намебинад, зеро пулдорҳои тоҷик ҳамеша кӯшиш кардаанд, ки маблағҳои худро ба берун интиқол диҳанд.
Воқеъият ин аст, ки онҳо дар дохил кадом кафолатеро барои ҳифзи сармояи ҳарому ҳалоли худ эҳсос намекунанд. Зайд Саидов, соҳибкори муваффақро ҳам имкон дошт дар қатори миллионерҳо бигузорем, вале баъди боздошт тамоми молу мулкашро мусодира ва метавон гуфт дар оқибат талаву тороҷ мекунанд.”
Илҳомҷон Ёқубов, масъули кор бо ҷавонон дар шуъбаи суғдии ҲНИТ:
“Кишваре нест, ки дар он афроди наздик ба миллиордер вуҷуд надошта бошад. Дар Тоҷикистон фикр мекунам, бештари кормандони баландмақоми ҳукуматӣ миллиордеранд ва онҳо ҳатман аз миллиордерҳои кишварҳои мутараққӣ фарқ доранд.
Агар соҳибони «Майкрасофт, «Фейсбук» ва «Эппел» дар заминаи донишу маърифати иқтисодӣ сармоя ҷамъ карда бошанд, ин манбаи ҷамъоварии сармоя дар фарҳанги миллиордерони тоҷик ҷой надорад, аксари мутлақи онҳо бо дигар роҳҳо сармоядор шудаанд.
Ин тоифа ҳеҷ саҳме ҳам дар рушди Тоҷикистон надоранд. Барои рушди иқтисоди кишвар ягона роҳ доштани сармояи зеҳнӣ ва ақлист.
Вале боиси таассуф аст, ки на дар Вазорати иқтисод ва на дар дигар ниҳодҳои зирабт мавҷуд будани чунин сармояеро эҳсос намекунем, баръакс дар ин ниҳодҳои давлатӣ деворсозиҳое дида мешавад, ки он василаҳои аслии дарёфти рушди иқтисодро аз миён мебардорад.
Бояд бигӯям, ки сармоядорони ҳалолкору мағздор дар маҳбасанд ва ё дар хориҷ фаъоланд. Хулласи калом, дар Тоҷикистон ҳар касе мехоҳад фаъолияти тиҷорӣ пеш барад ва тибқи қонунҳои ҷорӣ амал намояд, бахусус ҳалолкор боқӣ монад, наметавонад ба сафи миллиордерони тоҷик ҳамроҳ шавад.
Барои дар Тоҷикистон миллионер шудан бояд боҷи гумрукӣ насупорӣ ва аз дигар андозҳо озод бошӣ. Ҳамон тавре ки иддае аз масъулини ҳукуматӣ бо ин роҳ сарват ҷамъ намудаанд ва ҷамъоварӣ доранд. Мушкилот барои онҳоест, ки пуштибон надоранд ва ё мехоҳанд аз роҳи ҳалол сармоя касб карда, онро дар хидмати миллат бигузоранд.”
Манбаъ: “Наҷот”