Манзураи Комрон
Чуноне, ки медонем пеш аз интихоботи соли 2010 Симпозиуми байналмиллалӣ бахшида ба бузургдошти Эмоми Аъзам, ки адади бузурге аз уламои ҷаҳони Ислом ба ин чорабинӣ даъват шуда буданд ва инчунин маҳфили бузугдошти Эмом Бухорӣ аз тарафи ҳукумати кишвар дар Душанбе баргузор гардиданд. Вале баъди интихоботи 2010 чандин қонунҳо ба тасвиб расиданд, ки ба гуфтаи коршиносон ва созмонҳои байналмиллалӣ, ин қонунҳо мухолиф ба озодии дин ва як навъ фишор болои диндорон мебошад.
Дар ҳоли ҳозир мебинем, ки рӯҳониён ва имомхатибоне, ки солҳои дароз аз баромад кардан дар телевизион ва радиоҳо маҳрум буданд, тақрибан ҳар рӯз дар телевизион ва радиоҳои ҳукуматӣ баромад мекунанд. Вобаста ба ин мавзуъ назари коршиностонро бо суолҳои «Ба назари Шумо ин ҳамон услуб ва тактикаи ҳукумат, ки дар арафаи пешазинтихоботии 2010 роҳандоозӣ шуда буд, намебошад? Ва гуфта мешавад, ки ин навъ таблиғот хидмати хирсона буд, натиҷаҳои баръакс хоҳад дод, Шумо чӣ мегӯед?»-гирифтем.
Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос:
«Дар ҳақиқат ҳукумат ҳама вақт кушиш мекунад, ки пеш аз интихоботҳо ягон маъракаи сиёсии калон мегузаронад. Дар соли 2006 пеш аз интихоботи президентӣ дар моҳи сентябри соли 2006 дар шаҳри Кӯлоб 2 700 солагии Кӯлобро ҷашн гирифтанд, ки ин маъракаи пешазинтихоботӣ буд.
Соли 2010 соли Эмоми Аъзам эълон карда шуд ва дар ҳамин сол Симпозиуми байналмиллалӣ бахшида ба бузургдошти Эмоми Аъзам гузаронида шуд.
Имсол ба ТВ роҳ додани рӯҳониён ин маънои онро надорад, ки ҳукумат дар ҳақиқат ба рӯҳониён барои таблиғоти дин ва нигоҳи худ ба давлатдорӣ ё барои амри маъруф дода шудааст. Рӯҳониен ба ТВ фақат ба як мақсад барои дар байни мардум, яъне овоздиҳандагон паст кардани эътибори ҲНИТ равона карда шудааст.
Дар ҳақиқат ман бо коршиносон розӣ мешавам, ин амали ҳукумат таблиғоти ҲНИТ мебошад ва боварии комил дорам, ки ин амал ба манфиати ҳукумат анҷом нахоҳад ёфт, чунки аз баромади рӯҳониён дар ТВ маълум мегардад, ки ҳама гуфтаҳои онҳо нисбати ҲНИТ ва нисбати рӯҳониёне, ки бо сиёсати ҳукумат розӣ нестанд, ин як сенарияи тайёркадаи худи ҳукумат мебошад.»
Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи «Наҷот»:
“Дар воқеъ, таҷриба далолат бар он мекунад, ки ҳукумат аз тамоми василаҳо ва имкониятҳои дар ихтиёр дошта ва аз дигар корҳое, ки онҳоро сохта метавонад, ба ду самт равона сохтааст. Якеро барои касби нуфӯзи хеш ва дигареро барои фишору маҳдуд сохтани фаъолият ва ҳузури Наҳзат дар ҷомеъа.
Бале, соли 2010-ро соли Имоми Аъзам эълон кардан ба хотири интихоботи парлумонӣ буд, ки агар Наҳзат ин маъракаро тибқи барномаи хеш доир месохт, афкори ҷомеъаро ба нафъи хеш тағйир медод.
Ҳоло додани минбар ба хатабо ва уламо дар телевизион маҳз ба хотири поин бурдани нуфӯзи ҲНИТ ва коҳиш сохтани ҷойгоҳи он дар афкори ҷомеъа аст, агарчи ин гуна амалкарди онҳо эътибори Наҳзатро боло бурда, шинохти онро дар қишрҳое, ки то ба имрӯз чандон онро эътироф надоштанд, афзоиш бахшидааст.»
Оро Маруфпур, рӯзноманигор:
«Технологияи гуногуни таблиғот мавриди истифода қарор мегирад дар арафи интихобот ва истифодаи аҳли дин аз ҷумлаи онҳост.
Ба назар чунин мерасад, ки аҳли дин ҳам мисли ВАО давлати ва ғайридавлатӣ мешаванд.
Аммо як чизро набояд фаромуш кард, Ислом ба зоти худ айбе надорад, биёед оини мусулмониро ба таври худ ба ҷо орему онро чун силоҳи таблиғотӣ дар интихобот истифода накунем.
Ба ин маъни, ки рӯ ба дин овардан ва расму русуми диниро ба ҷо овардан ин сирф кори шахсӣ аствадахолат ба ҳаёти шахсӣ номумкин аст.»
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат