Categories Uncategorized

Ронандаи БМВ Расули Амонуллоҳ набуд?

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ  бо пахши як изҳорот, гуфтааст, агар писараш  расули Амонуллоҳ гунаҳкор бошад, бигзор тибқи қонун ҷаозояш диҳанд, вале ба ақидаи ӯ, матбуот мунтазири анҷоми тафтишот наистода, дар бораи писари ӯ Расули Амонуллоҳ маълумоти бардурӯғ паҳн мекунад. “Ин куштор нест. Ин як садама аст. Куштор ин ҷиноят аст ва онро ҳадафмандона иҷро мекунанд. Садама ғайриинтизор ва нохост тақрибан ҳар рӯз рух медиҳад. Ман намефаҳмам, чаро атрофи ин садама ин қадар ҳаёҳӯ бардоштанд. Мумкин, ин ба манфиати афроди алоҳида бошад? – гуфтааст раиси ширкати Роҳи оҳан дар баёнияаш.

Раиси ширкати роҳи оҳан баъди садамаи шаби 9 октябр, ба Олмон рафтани писарашро тасдиқ кардаааст, вале гуфтааст, ки ӯ ҳанӯз як ҳафта пеш аз ин ҳодиса билет чипта харида буд.

Амонуллоҳи Ҳукматуллоҳ гуфтааст, барои таҳияи асноди чунин сафар беш аз як моҳ лозим аст, вале аз соати дуи шаби 9 октябр то соати ҳашти субҳ, ки ӯ ба Олмон парвоз кард, “чаро касе аз мақомоти марбута ӯро суроғ накард?”Оқои Ҳукуматуллоҳ афзудааст,“садамаи мазкур пурасрор боқӣ мемонад. Мумкин нест, ки дар замони садама Расул пушти фармон нишаста бошад.”

 Ӯ мегӯяд, хостори кадом мансаби баланд нест, ки “маро дар чашми раҳбарони давлат сиёҳ кунанд.” Ӯ гуфтааст, намедонад, ки чаро дар атрофи ин садама ин қадар ғавғо бардоштанд? Ба назари ӯ, ин ҳама шояд кори дасти нафарони манфиатҷӯе бошад, ки мехоҳанд ӯро дар назди раҳбарони кишвар беобрӯ кунанд. 

Соати дуними шаби 9-уми октябр БМВ –и Расули Амонулло дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба мошини сохти русии «ВАЗ-21014», ки Аловиддин Саидов ронандагиаш мекард, бархӯрд.

Рӯзи 11 – октябр ВКД гуфта буд, ки “тафтишот муайян намуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 20-20 РТ 01 Расули Амонуллоҳ, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе мебошад.  

Дар натиҷаи ин садама се нафар ба ҳалокат расида, сеи дигар сахт маҷрӯҳ шуда буданд. Яке аз маҷруҳшудагон ки ҷароҳаташ хеле вазнин буд рӯзи душанбе 21 – октябр даргузашт.

More From Author

You May Also Like