Ӽикматуллоҳ Воҳидхон
nahzat.tj
Кофи Анан, намояндаи СММ ва иттиҳодияи араб ҳушдор додаст, ки Сурия ба самти ҷанги дохилии густурда пеш меравад
Ӯ дар ҷаласаи Иттиҳодияи араб дар Катар таъкид кард «Сояи ҷанги дохилӣ ҳар рӯз густурда мешавад.»
Дар муқобил Қатар аз Кофи Анан хостааст то барои иҷрои тарҳи худ муҳлат таин кунад ва ин тарҳро таҳти банди ҳафтум СММ дунбол кунад.
Шайх Аҳмад бинни Ҷосим, нахуствазири Қатар гуфтааст: «Аз ҷаноби Кофи Ана мехоҳем барои иҷрои тарҳи худ, замон таин кунанд… наметавон шоҳиди идомаи куштор ва марги мардум шуд.»
Анан аз Башор Асд хостааст, то «гомҳои шуҷоона ва фаврӣ» барои иҷрои тарҳи иҷрои шаш моддаҳои оташбас бардорад.
Ӯ афзудааст, ки куштори кӯдакон, занон ва мардон дар Ӽула ҷинояти ваҳшатнок аст ва ҳушдо додаст буҳрони Сурия мумкин аст густариш пайдо кунад.