Зайнаби Муҳаммаддухт
nahzat.tj
Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон хостори таъсиси Комиссия вижа барои таҳқиқи вазъи маҳбусони маҳбасхонаи Хуҷанд шудаанд.
Дар ин бора Раҳматилло Зоиров роҳбари ҲСДТ иттилоъ додааст.
Ба гуфти Раҳматилло Зоиров ба Кумитаи амнияти милли кишвар тариқи номаи хаттӣ муроҷиат карда, аз вазъи маҳбусон ва поймол шудани ҳуқуқҳои маҳбусии онҳо иттилоъ додааст. Дар бораи мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳо низ дар ин нома маълумот дода шудааст. Тариқи расонаҳо аз мавриди шиканҷа қарор гирфитани маҳбусон вақтҳои охир огоҳ шудаанд. Аз раиси КДАМ хоҳиш карда шудааст, ки барои таҳқиқи вазъи ҳуқуқии онҳо аз ҳисоби вакилони мардумӣ, Маҷлиси Намояндагон, ниҳодҳои дигари давлатӣ Комиссияи вижа мусоидат кунад. То аз наздик аз вазъи маҳбусон дидан кунанд. Ин гуруӯҳ бояд равад ва бубинад, ки асли масъала чӣ аст ва чаро онҳоро мавриди шиканҷа қарор медиҳанд.
Ҳафтаи гузашта маҳбусони маҳбасхонаи Хуҷанд, навори видиоиро пешниҳоди ҷомеаи хабарнигорӣ карданд, ки мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд. Дар бадани онҳо пайи ҷароҳатҳо намоён буд. Ин маҳбусон моҳи ноябри соли ҷорӣ аз маҳбасхонаи №1 и Душанбе ба маҳбасхонаи Хуҷанд интиқол ёфта буданд.
Дар ҳоле Раҳматилло Зоиров хостори таъсиси Комиссиони вижа оид ба таҳқиқи вазъи маҳбусон дар маҳбасхонаи Хуҷанд шудааст, ки Рустам Мингалиев вазири адлияи кишвар чанд рӯз пеш зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, шиканҷа тасдиқи худро дар маҳбасхонаҳо найофтааст.Ба гуфти вазири адлия зимни боздид аз маҳбасхонаҳо маҳбусон роҷеъ ба ҷой доштани шиканҷа ёдовар нашуданд. Ба истиснои ҳукми судҳо дар нисбати онҳо, амали шуданӣ қонун баъди ба анҷом расидани мӯҳлати ҷазо дар вақташ.
Дар Тоҷикистон 11 маҳбасхона аст, ки ҳудуди 14 ҳазор маҳбусон адои ҷазо мекунанд. Соли 2012 марги мармузи Ҳамза Икромзода маҳбуси 26 солаи деҳаи Хирманаки Ҳисор дар маҳбасхонаи №1 Душанбе ва дар бадани вай изи ҷароҳатҳо, боиси сару садоҳо шуд.Бо вуҷуди он ки дар бадани маҳбусони ҳалокшуда изи ҷароҳатҳо ҳастанд ва маҳбусони дигар аз ҳолати шиканҷа шудан шоҳиди медиҳанд, аммо мақомот ва вазорати адлия ҳамеша ин ҳолатро рад мекунад. Далели маҳбусоне ки бо Ҳамза Икромзода адои ҷазо мекарданд,баъди марги вай бо васоити ахбори омма гуфтанд, ки шоҳиди шиканҷа шудани Ҳамза шудаанд. Сайдали Казаков собиқ маҳбуси озодшуда, ки бо Ҳамза Икромзода дар як маҳбасхона адои ҷазо мекард, яке аз дигар шоҳидоне буд, ки дар ин бора иттилоъ дод. Аммо бо вуҷуд, мақамот ин ҳамаро рад мекунад.
Маҳбусон мегӯянд, ки ба КДАМ оид ба амалҳои хусусияти фасодкорӣ ва ҷой доштани шиканҷа ба КДАМ муроҷиат кардаанд, аммо посухи ин ниҳодро надидаанд.
Аммо то куҷо Кумитаи давлатии амнияти милли пешниҳоди Раҳматилло Зоировро ҷиддӣ мегирад ва дар пешгирии шиканҷа саҳм мегузоранд, ин интрига боқӣ мемонад. Зеро то ба ҳол ин ниҳод собиқи ошкор кардани амалҳои ғайриқонуни дар ниҳодҳои давлатиро ба намоиш нагузоштааст.