Чандест афкори мардуми ҷаҳонро воқеаи 11- сентябр ба худ машғул кардааст. гурӯҳе онро кори дасти «Алқоида» медонанду гурӯҳи дигар сохтаи дасти «Саҳюнизм». Аммо кори ҳар касе буд вазъи сиёсии ҷаҳонро ба таври густардае таҳти таъсири худ қарор дод. Коре, ки ҷаҳонро дар ҳолати ногувор қарор дод ва баҳонае шуд барои ҳамла ба Афғонистону Ироқ. Дар саросари дунё исломҳаросӣ ва исломситезиро доман зад. Аммо бо мурури замон ва гузашти айём ва бо талоши мардуми мусалмон ин рӯҳия то ҳудуди зиёде коҳиш ёфт.
Таъсиси маркази фарҳангии исломӣ дар макони ин ҳодиса норизоятии хелеҳоро барангехт. Бинобарин як гурӯҳи гумноми як Калисо эълон карданд ки дар 11- уми сентябри имсол қуръонро оташ мезананд. Иқдоме ки хашму ғазаби масрдуми мусалмонро барангехт. Дар тамоми дунё мусулмонон ин иқдомро маҳкум карданд ва воқеан ҳам ин иқдоми ҷоҳилона маҳкум аст. Бо вуҷуди мамнуъият як гурӯҳи ифротӣ даст ба чунин кор заданд.
Аммо мо мехоҳем ба ин қазия аз буъди дигар нигоҳ кунем. Чаро бо сӯзондани қуръон мусулмонон хашмгин ва нороҳат мешаванд?
Чаро эҳсосоташон бедор мешавад ва эътироз мекунанд?
Оё ин танҳо беэҳтиромӣ ба қуръон аст?
Оё дигарон ба қуръон чунин беэҳтиромӣ намекунанд?
Оё худи мо мусулмонҳо ба ин китоби муқаддасамон беэҳтиромӣ намекунем?
Касе ба ин тарафи қазия фикр кардааст?
Ман намехоҳам бигӯям ки ин кори душманонаву хасмонаи ин гурӯҳ дуруст аст. Ин ҷиноят маҳкум аст ва бояд маҳкум шавад. Аммо масъала ин аст, ки чаро ҳамеша бо чунин корҳо бо эҳсосоти мардуми мусулмон бозӣ мекунанд? Замоне паёмбари бузургвори исломро карикатура мекунанд ва замоне қуръонро тавҳин мекунанд.
Мусалмонон ва исломро террорист мехонанду онҳоро ифротӣ муаррифӣ менамоянд.
Аммо чора чист ва мушкил куҷост?
Ба назари мо мушкил ҳам дар онҳост ва ҳам дар мо. Мо натавонистем коре кунем, ки мардум воқеияти дини моро бишносанд ва таҳти таъсири ин таблиғоти хасмонаи бемантиқ қарор нагиранд. Ҳатто баъзе аз мардуми кишварҳои мусулмон таҳти таъсири ин таблиғот қарор гирифтаанд, чи расад ба мардуми ғайри мусулмон. Кор ба ҷое расидааст ва мо ба андозае кӯтоҳӣ кардаем ки дар кишварҳое, ки беш аз 90% мардумаш мусулмон аст байни ҳукуматдорон ва мардум нофаҳмӣ ва сӯи тафоҳум ба вуҷуд омадааст. Дар баъзе кишварҳо ин суитафоҳумҳо ба ҷое расидааст, ки ин ду гурӯҳ дар муқобили ҳам истодаанд ва даст ба куштори ҳам задаанд.
Аммо қуръон ин китоби муқаддас ҳаргиз ба мардум зулм карданро ҷоиз намедонад. Ва он дар миёни пайравони худаш низ ғариб мондааст.
Барои исботи ин гуфтаҳо дар идома гуфтаҳои яке аз пешгомони бедории исломӣ дар ҷаҳон яъне Ҳасанул Банноро пешкаши шумо менамоем.
Падидае монанди Қуръони Карим надидаам, ки аз як сӯ ба он миёни уммат аҳаммият дода шавад, ва аз сӯи дигар комилан эҳмол ва зери по ниҳода шавад.
Худованд Қуръонро китоби муҳкам, низоми фарогир, қаввоми (танзим кунанда) кори дин ва дунё қарор додааст:
. (لا يأتيه الباطل من بين يديه ولا من خلفه تنزيل من حكيم حميد)( فصلت 42)
(Ҳеҷ гуна ботиле аз ҳеҷ ҷиҳате ва назаре мутаваҷеҳи Қуръон намегардад. (на ғалате ва таноқузе дар алфоз ва мафоҳими он аст ва на улуми ростин ва иктишофоти дурусти пешиниён ва пасиниён мухолиф бо он, ва на дасти таҳриф ба домони баландаш мерасад,) чаро ки Қуръон фуру фиристодаи зотест, ки бо ҳикмат ва сутуда аст (ва афъолаш аз руйи ҳикмат аст, ва шоистаи ҳамду ситоиш аст)
Муътақидам, ки муҳимтарин масъулияти уммати ислом дар қиболи Қуръони Карим се маврид аст:
Аввал бисёр тиловат кардани он, таъаббуд бо қироати он ва тақарруб ба пешгоҳи Худованди Мутаъол ба василаи он.
Дувум қарор додани он дар ҷойгоҳи манбаъ ва аҳкоми дин. Бояд ҳама чиз аз Қуръон гирифта ва аз он истинбот шавад. Аз чашмаи зилоли он сероб ва омухтанӣҳо аз он гирифта шаванд.
Савум қарор додани он дар ҷойгоҳи бунён ва пояи аҳкоми дунё. Бояд дар ҳама чӣз аз Қуръон ва маводи ҳакимонаи он кӯмак гирифта ва дар зиндагӣ татбиқ кард.
Инҳо муҳимтарин мақосид ва аҳдофи китобест, ки Худованд онро фуру фиристода ва паёмбарашро ба иблоғи он амр кардааст. Онро пас аз паёмбар воъиз, панддиҳанда, довари одил ва мизони санҷиш миёни мо қарор додааст.
Гузаштагони Солеҳ (Худованд аз онҳо розӣ бод) он мақосидро дарёфтанд ва дар пайи татбиқи онҳо баромаданд. Гурӯҳе Қуръонро се рӯз хатм мекарданд, гуруҳе ҳафт рӯз ва иддае камтар ё бештар. Агар яке аз онҳо ба сабаби гирифторӣ наметавонист вирди Қуръонии хешро бихонад, ба Қуръон нигоҳ мекард ва баъзе аз оётро мехонд ва мегуфт: то аз ҷумлаи касоне набошам, ки Қуръонро раҳо кардаанд.
Қуръон баҳори дилҳо ва вирди ибодаташон буд ва дар тӯли шабонарӯз онро тиловат мекарданд. Худованд аз халифаи савум (Усмон) хушнӯд бод! ҳангоми муҳосираи хонааш, дар ҳоле ки шамшерро бар гарданаш ниҳода буданд, аз Қуръон ҷудо нашуд.
Пешвоёни солеҳ дар истинботи аҳком, Қуръонро манбаъи нахӯст медонистанд. Ба рости агар китоби Худо манбаи нахӯст набошад, пас чӣ чизе метавонад манбаи нахӯст бошад? Паёмбари Худо (дуруди Худо бар вай бод) вақто, ки Маъозро ба Яман фиристод, аз вай пурсид: “Бар пояи чӣ чиз ҳукм ва доварӣ мекунӣ? Гуфт: бар асоси китоби Худо, сипас суннати мутаҳҳари Расули Худо…
Чун ба сират ва саргузашти онон бингарем, якеро ҳам намебинем, ки китоби Худоро тарк карда ё тиловати онро ба муддати як ҳафта ба фаромушӣ супурда бошад, чӣ расад ба як моҳи комил ё солиёни сол.
Намехоҳам баҳсро ба дарозо бикашам ба ончи ки дар китобҳои сияр ва шарҳи ҳол омадааст. Пешвоёни гузашта дар истинботи аҳком, Қуръонро нахустин манбаъ медонистанд. Умар (Худованд аз вай розӣ бод) ба бисёре аз Асҳоби киром ҳушдор медод, ки мабодо бо мусалмонон аз ҳикоёту ҳодисаҳо ва вокеаҳо сухан бигӯянд, дар ҳоле ки онон ҳанӯз дониши Қуръонро ҳосил накардаанд. Ба онон тавсия медод то ҳалол ва ҳароми Қуръонро ба мардум биёмузанд. Ҳамчунин имомони нахустини тобиъин ва табаъа тобиъин, монанди Саъид фарзанди Мусайиб иҷозат намедоданд фатвоҳои онҳо ба сурати навишта мудавван гардад, то мабодо мардум аз китоби Худо баргарданд ва ба ин навиштаҳо руй оваранд. Вай навиштае аз фатвоҳояш, ки дар дасти касе буд, гирифт ва пора карду гуфт: сухани маро мегирӣ ва каломи Худоро тарк мекунӣ? Сипас меравӣ ва мегӯи: Саъид чунину чунон гуфт! Худро ба китоби Худо ва суннати Расули Худо побанд кунед. Онҳо ва дигар асҳобу тобеин китобро асл қарор медоданд ва дин ва аҳкомро аз он истинбот мекарданд. Онон дар умури дунё ҷуз мутобиқи Қуръон амал намекарданд, ва таслими бечуну чарои он мешуданд. Ҳуқуқ аз он меомӯхтанд, ҳудудро бар пояи он барпо мекарданд, аҳкомро мутобиқи он ба иҷро медароварданд ва авомирро бар пояи он содир мекарданд. Ҳаргиз ба илғо, таътил, таълил ва таъвили Қуръон розӣ намешуданд. Он рӯзе ки Ислом бо тароват буд, меваи дин пухтагӣ буд ва мардум аз он баҳра мебурданд, он рузҳо мусалмонон ҳикмати вуҷуди Қуръонро дар миёни худ медонистанд, ва чуноне ки Парвардигор ва паёмбар Қуръонро ба онон омӯзиш дода буд, амал мекарданд:
(كتاب أنزلناه إليك مبارك ليدبروا آياته وليتذكر أولوا الألباب) ص: 29.
(Эй Муҳаммад! Ин Қуръон китоби пурхайру баракатест ва онро барои ту нозил кардем, то дар бораи ояҳояш бияндешанд ва хирадмандон панд гиранд)
Сипас он давлат ва савлати ҷойгоҳи Қуръон дар андеша ва хиради мардум камранг шуд ва дар забон ва ақли мардум гунгӣ ва каҷфахмӣ шоеъ шуд, то ҷое ки ин китоб дар самт ва мардум дар ҷихати дигар қарор гирифтанд, ва фасилаи он ду ба андозаи фосилаи машриқ ва мағриб гардид.
Таъабуд ба тиловати Қурон дар тӯли шабонарӯз:
Теъдоди андаке аз мо ба он аҳамият медиҳанд ва ба он амал мекунанд, аммо бақияи аксари мусалмонон ҳар кас равишеро барои худ ба вуҷуд оварданд ва пиронашон барои онон аврод, аҳзоб, вазоиф ва дуоҳоеро муқаррар карданд, ки мунҷар ба тарки китоби Худо шуд. Он аврод ҷои китоби Худоро гирифт ва дар ибодат борҳо ба такрори онҳо пардохтанд. Мо авроди саҳеҳро инкор намекунем ва ҳаром намедонем, ва монеъи аврод ва дуоҳое, ки мухолифи шариъат набошад, намешавем, аммо мегуем: китоби Худо муқаддам аст. Аввал барои худатон бахше аз китоби Худоро ба унвони вирд интихоб кунед, ки дилҳоятонро ба он пайванд шавад, ва руҳатон бо файз ва нӯри он истеҳком ёбад. Сипас ҳар чӣ мехоҳед Худоро бо ибораҳо ва дуоҳое ки мехоҳед зикр кунед, албатта ба шарте ки мухолифи аҳкоми дин набошад. Аммо ин ки Қуръонро фуру гузоред ва ибодататонро дар дуоҳое ки худ сохтаед, ё дигарон сохтаанд, хулоса кунед, ин худ канор гузоштанӣ китоби Худо ва бе таваҷҷуҳӣ ба ҳуқуқи он аст.
Истинботи аҳком аз Қуръон:
Дар ин замон мардум нисбат ба китоби Худо огаҳӣ надоранд. Миёни онҳо ва китоби Худо пардаи ғафс ва садди устуворе гузошта шудааст, ки онҳоро водошта ки ба нукоти хулоса ва баъзе пандҳое аз Қуръон дил хуш кунанд, ҳимматашон аз он болотар наравад ва ба мақосиди аслии он нарасанд.
Амалӣ кардани аҳкоми дунявии Куръон:
Мардум чизи дигареро ҷойгузини он карданд. Акнун қавонини сохтаи бегонагон аз чумла: фаронсавиён ва румониён, бунёни қавонини мусалмонон шудааст, ба ин хотир ба аҳкоми китоби Худо таваҷҷуҳе намешавад ва дар миёни мусалмонон ба фаромушӣ супурда шудааст. Дар сурате ки агар гуши шунаво медоштанд, Худованд ҳамаи хубӣҳоро барояшон муқаррар кардааст. Акнун мусалмонон ба ин иктифо кардаанд, ки аз Қуръон танҳо барои шифоъи бемориҳояшон таъвиз (таштоб) бинависанд. Қуръонро зиннити махфилҳои худ кунанд ва дар ғаму шодӣ аз он монанди ҷинси ороишӣ истифода баранд. Эй кош бо вуҷуди ин ҳама ҳаққи Қуръонро адо мекарданд, аммо дар ҳамон маҷлисҳое, ки Қуръон хонда мешавад, мардум саргарми бозӣҳо ва бехудагуӣҳо ҳастанд, ҳоло он ки Худованди Мутаъол фармудааст:
الأعراف 204((وإذا قرئ القرآن فاستمعوا له وأنصتوا لعلكم ترحمون
Яъне: (ҳангоме ки Қуръон хонда шавад, гӯш ба ӯ фаро диҳед ва хомӯш бошед то шомили раҳмати Худованд шавед).
Қуръон замоне зевари намозхо буд, аммо имрӯз зевари маҷолиси таъзия шудааст. Замоне мизони адолат буд, аммо имрӯз саргармии маросими беҳудагӯён аст. Замоне нигини хутбаҳо ва пандҳо буд, аммо имрӯз барои зевар ва таъвиз ба кор меравад.
Оё ҳак надорам бигуям: чизеро монанди Қуръон надидам, ки дар ҳақиқат зоеъ шудааст, аммо ба назар мерасад, ки аз он посдорӣ ва муҳофазат мегардад?!
Тазоди шигифте дар муқобили Қурон дорем. Бешак Қуръонро гиромӣ медорем ва аз он тӯша мегирем ва бо он ба пешгоҳи Худо тақарруб меҷуем. Дар инҳо шакке нест, аммо эй мардум! Равиши таъзимро иштибоҳ кардаед ва роҳи тушагирифтанро иштибоҳ рафтаед ва аз ҷодаи тақарруб ба пешгоҳи худованд дӯр афтодаед.
Мо бегумон Қуръонро поймол кардаем. Гуё миёни мо китоби бостониест, ки набояд дар зиндагии мо нақше дошта башад ва набояд аҳкоми он иҷро шавад. Ин дар ҳақиқат сабаби мусибат ва балоест, ки мо ба он дучор шудаем.
Хонандаи гиромӣ! Чун ин ҳақиқатро донистед, пас бидонед, ки мусулмонони огоҳ бо ҷиддият дар пай онанд, ки пеш аз ҳар касе худ ба китоби Худо баргарданд. Бо тиловаташ ибодат кунанд, ва аз мардум иҷрои аҳкоми онро талаб кунанд ва мардумро даъват кунанд то бо онҳо дар таҳаққуки ин мақсад ҳамроҳ шаванд. Ҳадаф ва мақсаде, ки волотарин ва арзишмандтарин мақсади ҳар фарди мусалмон дар зиндагист. Дар оғоз ва фарҷом, фармон аз Худост. Аз Худованд масъалат дорам моро аз ҷумлаи касоне гадонад, ки суханро мешунаванд ва ба беҳтарини он амал мекунанд…