Categories Ахбори рӯз

Кушта шудани Мирзохӯҷа Аҳмадов таъийд нагардидааст

Ахиран бархе расонаҳои хориҷӣ бо ишора ба амалиёти мақомоти қудратии Тоҷикистон дар бораи кушта шудани Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ёронаш дар даргириҳои Рашт хабар додаанд. Аммо Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, гуфтааст, ки танҳо 5 тан аз ёрони Мирзохӯҷа Аҳмадов кушта шудаву Мирзохуҷа Аҳмадов бо ёронаш фирор кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки телевизиони давлатӣ бо пахши филми ҳуҷҷатӣ Мирзохӯҷа Аҳмадовро бо ҷурми даст доштан дар нооромиҳои ахири дараи Камароб, бо нақли қавл аз мақомоти қудратӣ айбдор намуд. Мақомоти интизомии кишвар эълон кардаанд, Мирзохуҷа Аҳмадов ва тарафдоронаш айни ҳол дар ҳоли ҷустуҷу қарор доранд.

More From Author

You May Also Like