Дар Маскав бино ба иттилои хабаргузориҳо ҷасади муҳоҷири 20 солаи тоҷик бо захми корд ёфт шудааст. Мақомоти масъулин ин шаҳр баён доштанд, ки шаҳванди Тоҷикистон дар назди фурӯшгоҳи «Косино Плаза” кушта шудааст. Гуфтанист чанд рӯз пеш муҳоҷири 51 солаи тоҷик аз зарби лату куби афроди ношинос фавтида буд.
Categories
Ахбори рӯз