Телевизиони Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз кушта шудани як тан аз зиндониёни фирори аз боздошгоҳи муваққати КАМ бо номи Раҳмиддин Азизов 36 сола иттиллоъ дод. Бозтоби ин ҳодиса аз телевизион бозгӯёи он аст, ки Раҳмиддин Азизов дар кишлоқи Чанори Файзобод ҳангоми муқобилат бо мақомоти интизомии кишвар кушта шудааст. Оҷонсии РИА Новостӣ бо нақли қавл аз забони раиси Ситоди Вазорати корҳои дохила генерал майор Тоҳир Норматов баён дошта, ки дар ҷойи ҳодиса пулемет Калашников бо тирдонҳо ва маблағ мусодира карда шудааст. Ёдовар бояд шуд, ки аз ин гурӯҳи 25 нафари фирорӣ айни ҳол 17 нафар боқимонда мавриди ҷустуҷу қарор доранд. Мақомоти қудрати талош доранд, ки барои боздошти фирориён аз иттиллои сокинони маҳаллӣ низ истифода баранд. Қаблан онҳо аз мардум давъат намуданд, ки барои боздошти фирориён бо мақомоти қудрати ҳамкорӣ намоянд
Categories
Ахбори рӯз