Categories Ахбори рӯз

Шӯрообод низ ба шӯр омад

Муҳаммадисо
Ҷомиев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шӯрообод, имрӯз ба маркази матубуотии ҳизб
аз он хабар дод, ки мудирони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, раисони ҷамоатҳо,
кумитаи андоз, заминченкунӣ тамоми мақомот ба истиснои кормандони умури дохила
хона ба хонаи аъзои ҳизб гаштугузор намуда, аввалан чизе ваъда медиҳанд ва дар
сурати вокӯниши манфӣ нишон додан аз тарафи аъзои ҳизб аз роҳҳои фишор ва тарсу
ваҳшат истифода мекунанд.

Раиси бахш илова
кард, ки фишорҳо ва тарс доданҳо аз қабили маҳрум кардан аз замин, дукон ҳатто хориҷ
кардани донишҷӯёне мебошад, ки пайвандонашон аъзои ҳизб мебошанд.

More From Author

You May Also Like