Таври маълум, чандест, ки навори Ғазза мавриди бомборони Исроил қарор дораду дар оташи кини куҳани саҳюнизм месӯзад.
Тибқи хабарҳои ахир, теъдоди мақтулин дар натиҷаи амалиётҳои режими хунхор ҳудуди 98 нафар гуфта мешаванд, ки теъдоди бештари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон васоити ахбори умум аз ҷароҳат бардоштани садҳо нафари дигар гузориш додаанд. Бо вуҷуди ин гуфта мешавад, ҳоло ҳам ҳамалоти Исроил болои навори Ғазза идома дорад.
Зимнан Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳам қатлу куштор ва хароб кардани Ғаззаро маҳкум кардааст.
Ҳамлаҳои хунини Исроил бар пояи он шуруъ шуд, ки сен тан аз атбои Исроил аз сӯйи афроди номаълум рабуда шуданд. Амали мазкур расо як моҳ қабл иттифоқ уфтод, ки дар ғайб задани онҳо ҲАМОС муттаҳам шуд ва бар ин асос ҳамлаи хунини низоми саҳюнистӣ болои мардуми ҷафозадаи Ғазза шурӯъ гашт.
Қобили ёдоварист, ки ин аввалин ҳамлаи Исроил болои Ғазза нест, балки чандин таҳоҷуму таарруз сурат гирифта, ки куҳантарини онҳо шуруъ аз авохири солҳои 40-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Ба ҳадде ин муборизот ва қатлу қитоли муслимин ҳудуди 70 соли ахир шадид буда, ки мувоҷеҳ ба тағйири шакл намудани як давлати мусалмоннишине бо исми Фаластин дар харитаи ҷаҳон шуда.
Дар қиболи ин ҳама ҷону тан бохтанҳо ва чун порагӯште буридани хоки Фаластин аз баданаи миллати мусалмон давлати наве шакли гирифта, ки Исроил муаррифӣ шуда. Ва ин давлат, ки бунёдаш бо оғози ҷанг ва мусалмонкушӣ тавъам будааст, бар маҳзи рехтани хуни мусалмонони мазлум, забти қисмате аз якпорчагии боз ҳам Ватани миллати мазлум доман васеъ карда. Вале бо вуҷуди муддати мадиде болои кишваре, ки маҳз бо ба вуҷуд омадани Исроил ҳамеша дар таарруз монда, ҳамла менамояду хуни атфоли бегуноҳаш мерезад, ободиҳояш месӯзад.
Дар чунин ҳол, албатта, иқдомоти тавсеаталабонаи Исроил ҳамеша қобили маҳкум будаанду ҳастанд. Чун аъмоли таҷовузгарон қобили маҳкум аст, баръакс вақти дуо ва кӯмаку ҳамраъйӣ ба мардуми Фаластин аст, ки ҳатто хоки хунолудаш низ аз таҷовузи эмин нест. Набояд ҷомеаи ҷамеаи ҷаҳонӣ, хоса ҷомеаи муслимин дар ин амр – кӯмаку ҳамраъй бетараф бошад, он ҳам дар ҳоле ки Рӯзи ҷаҳонии Қудс наздик аст.
Categories
СИЁСАТ