Categories Ахбори рӯз

Мулоқоти рӯ ба рӯи Э. Раҳмон бо раиси САҲА

Имрӯз Президент Эмомалӣ Раҳмон бо раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷии Литва Аудронюс Ажубалисро мулоқот намуд. Тибқи иттиллои дафтари матуботи президент дар ин вохӯрӣ аз ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА дар ҳамаи се самт сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда шудааст. Гуфта мешавад, ки аз ҷумда ба фаъолияти Гурўҳи корӣ оид ба ҳамкории САҲА ва Тоҷикистон, Коллеҷи омўзиши кормандони соҳаи идораи сарҳадот дар назди Дафтари Созмон дар Тоҷикистон ва рафти татбиқи Стратегияи миллии идораи сарҳадот, ки дар ҳамдастӣ таҳия ва қабул гашта буд, баҳои баланд дода шуд. Аз сӯи дигар дар мулоқот бо назардошти зарурати тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вусъат додани ҳамкорӣ барои пурзўр намудани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон муҳим дониста шудааст. Дар ҳузури Президент Э. Раҳмон Аудронюс Ажубалис изҳор дошта, ки “кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ метавонанд барои ҳалли масоили баҳсноки худ, аз ҷумла ҳалли мушкилоте, ки аз замони Иттиҳоди Шўравӣ мерос мондаанд, аз имконоти САҲА истифода намоянд” Вай ҳамчунин ба ин нукта таъкид намуда, ки “ҳалли мушкилоти минтақавии миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама сабру таҳаммул ва тадриҷан, қадам ба қадам ба рушди ҳамкории созанда кўшиданро тақозо менамояд”.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳким ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Литва ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳ ҷонибҳои фикру имулоҳизоташонро баён доштаанд.

More From Author

You May Also Like