Categories ҶОМЕА

Низоми нави воридшавӣ ба Русия барои шаҳрвандони ИДМ ба тавсеаи Иттиҳодии гумрукӣ рабт дорад?

Раҳматуллоҳи Раҷаб, масъули шуъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказ:
– Фикр мекунам, ҳар қонун ё низоме, ки аз ҷониби Русия таҳия мегардад, гӯё ба муҳоҷирони тоҷик равона шудааст, ҳарчанд, дар умум, барои шаҳрвандони ИДМ роҳандозӣ гардад ҳам. Вале низоми нави воридшавӣ ба Русия боз мушкилиҳои дигареро барои шаҳрвандони ИДМ пеш меорад. Акнун Иттиҳоди гумрукӣ таваҷҷуҳи бештаре ба шаҳрвандони ОМ, хусусан ба Тоҷикистон мекунад, чун ҳамсарҳад ба давлати Афғонистон ҳастем, ба хотири пешгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир. Вале чунин нест, интиқолдиҳандагони маводи мухаддир метавонад аз ҷумҳуриҳои дигари ИДМ бошад. Ба хотири проблемаҳои нави стратегӣ, ки Русия мехоҳад масъалаҳои умдаро ба воситаи муҳоҷирон ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Абдуллоҳ Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикон дар Русия:
-Бовар дорам, ки вобаста кардани ин ду масъала хатост! Яъне қарори Ҳукумати Русия дар мавриди манъи бо шиносномаи дохилии Тоҷикистон вуруд шудан ва масъалаи тавсеъаи Иттиҳоди гумрукӣ ҳеҷ рабте ба ҳам надоранд. Чаро?
1. Тоҷикистон ягон дархости Русияро “не” нагуфтааст, ки русҳо маҷбур ба фишор додан бошанд. Яъне Русия ҳар барномае, ки хоҳад, онро ба осонӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон таҳмил мекунад.
2. Ҳукумати Русия қабули ин қарорро яке аз механизмҳои ба низом даровардани раванди муҳоҷират мешуморад. Тарафи Русия чунин меҳисобад, ки теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ миёни шаҳрвандони бо шиносномаҳои дохилӣ ворудшуда нисбати давлатҳои низоми воридотдошта бештар аст ва бояд ворид бо шиносномаи хориҷӣ то ҷое дар танзими ин раванд кӯмак кунад. 3. Барои муҳоҷирон чӣ фарқ дорад, ки бо кадом шиноснома вуруд мешаванд? Барои муҳоҷирон муҳим аст, ки тарафи Тоҷикистон аз ин қарор сӯистифода накунад ва якбора нархи шиносномаҳои хориҷиро ба осмони ҳафтум набардорад. Барои муҳоҷирон муҳим аст, ки пас аз ин навовариҳо Ҳукумати Тоҷикистон хубтар аз ҳуқуқҳояшон дифоъ кунад, ки ин дар гумон аст!

Маҳдӣ Собир, коршинос:
– Низоми нави воридшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ин танҳо ба хотири огоҳ кардани тоҷикистониён аз рӯ гардонидани элитаи сиёсии онҳо ба Иттиҳоди АвроОсиё мебошад.
Аввалҳои соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллӣ як конфронс доир гардида буд, ки сиёсатшиносони тоҷик варид шудани Тоҷикистонро ба Иттиҳоди АвроОсиё хато шумориданд. Намояндагони Русия аз суханронии таҳлилгарони мо хеле ранҷиданд. Баъди ин конфронс то андозае фосилагирии Русияю Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Ҳарчанд ба андешаи коршиносон, вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё хатост, аммо Ҳукумати Тоҷикистон эълон кардааст, ки ба ин инттиҳод ворид мешавад. Ҳол он ки танҳо ҳамон вақт Тоҷикистон узви иттиҳод гашта метавонад, ки бо ягон кишвари узв ҳамсарҳад бошад. Чунин шароит танҳо баъди ворид шудани Қирғизистон ба иттиҳод имконпазир мегардад. Иттиҳоди АвроОсиё ин иттиҳоди иқтисодӣ аст. Ҳеҷ ягон кишвари аъзо истиқлолияти сиёсиашро аз даст намедиҳад.

Абдулбосит Нуралиев, сардабири маҷаллаи “Масъалаҳои маориф”:
– Ин кор, ба андешаам, ҳеҷ рабте ба тавсеаи Иттиҳоди гумрукӣ надорад. Ин боз ҳам аз ҳадафҳои амниятии Русия сар мезанад ва ҳамчунин як фишанги дигарест барои идора намудани ҷараёни муҳоҷирати тоҷикон ба ин кишвар.

Аъзамшоҳ Ширговадӣ, коршиноси масоили иҷтимоӣ:
– Ин гуфтаҳои ҷаноби Медведов сухани наве нестанд ва ду сол пеш мақомоти Русия ин мавзӯъро эълон намуда буданд, ки аз январи 2015 барои тамоми шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ танҳо бо доштани паспорти хориҷӣ иҷозаи вуруд ба он кишварро дода мешавад. Ин ҳеҷ рабте ба тавсеи Иттиҳод гумрукӣ надорад ва танҳо як иқдоми Ҳукумати Русия барои беҳтар ба низом даровардани раванди муҳоҷирати корӣ дар он кишвар аст. Зеро тайи 10-15 соли ахир Русия даҳҳо қарору қонунҳое оиди муҳоҷират ба тасвиб расонида, вале дар ин самт то ба ҳол номуваффақ аст. Мавҷи муҳоҷирини кории кишварҳои пасошуравӣ рӯз то рӯз баландтар шуда истодааст, ки аз як тараф бозори кориро барои шаҳрвандони Русия танг кардааст ва аз тарафи дигар аз сабаби номукаммал будани қавонини будубош ва иҷозаи корӣ барои муҳоҷирини корӣ дар он кишвар мушкилоти зиёдеро барои муҳоҷирин ба бор меорад. Ин аст, ки аксари муҳоҷирини кории ИДМ аз кӯчактарин ҳуқуқҳои инсонии хеш маҳруманд ва ночор бо маоши даҳчанд камтар аз шаҳрвандони Русия сахттарин корҳоро мекунанд.
Бинобар ин шояд ин иқдому эълони Медведев барои хубтар кардани низоми муҳоҷират аст ва камтар рабте ба Иттиҳоди гумрукӣ дорад. Аммо то куҷо он амалӣ мешавад, суолест, ки ҷавобашро вақт нишон хоҳад дод ва дар Русия ҳам мисли аксари кишварҳои пасошӯравӣ аксари тасмиму қарорҳо танҳо дар рӯйи коғаз боқӣ мемонанд.

More From Author

You May Also Like