Categories ҶОМЕА

Кӯдакдуздӣ дар Ҳисор?

Маҳмурод Одинаев, сардори эътилофи мардумии зидди шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳотӣ, боздоштгоҳҳои ислоҳотӣ ва муваққатӣ гуфт, рӯзи 23 апрели соли равон аз ҷониби афроди номаълум Илёс Маҳмадқулов, хонандаи синфи сеюми мактаби миёнаи рақами 8 – и рустои Ҳаёти Нави ноҳияи Ҳисор қариб рабуда мешудааст.
Ба қавли ӯ, «Илёс Маҳмадқулов баъд аз дарс, асное ки ба хона меомад, дар наздаш мошини тамғаи “Опел астра”, бидуни рақами давлатӣ, сиёҳшиша, бозмеистад ва аз даруни мошин се нафар, ду мард ва як зани ҷавон кӯшиш мекунанд, бо роҳи фиреб кӯдакро дохили мошин гардонанд. Онҳо “шин, то хонаатон мебарем” гуфта, қасди ба мошин савор кардани кӯдакро намуданд. Вале дар ҳамин ҳол, талабаҳои синфҳои болоии мактаб омада монеъи кори «гумонбаршудагон» мегарданд. Эшон мепурсанд, ки «шумо чӣ кор карда истодаед?», баъди ин «гумонбаршудаҳо ««фирор» мекунанд. Ин овоза дар тамоми савхози Панҷоҳсолагӣ паҳн шудааст ва ман низ дирӯз ба телефони боварии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кардам, аммо…. Бо падару кӯдак ҳамсуҳбат шудам ва онҳо ҳам тасдиқ карданд, ки чунин ҳолат буд. Ҳол он ки талабагон боз ҳам гаштугузори ҳамон духтарро дар назди мактаб дидаанд».
Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилӣ аз ҳодисаи мазкур изҳори беиттилоӣ менамояд. Ҳамзамон як манбаъ аз вазорати мазкур, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, ҷиҳати ин масъала касе занг назадааст.
Дар ҳамин ҳол, Асҳобиддин Абдуллоев, директори мактаби миёнаи рақами 8 – и ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ки «қасд аз савор кардани кӯдак ба мошин дуздӣ набудааст, балки он бону мехостааст кӯдакро то назди хонаашон барад. Бо вуҷуди ин кӯдак таклифи занро қабул накарда мегурезад».
Роҳбари мактаб мегӯяд, «дар ин бора аллакай тасмим бехатарӣ гирифтаем, фаррошонро барои назорати атрофи мактаб амр додем. Аммо бо вуҷуди ин гумон намекунам, қасди дуздидани кӯдак набуд, зеро агар он зан чунин мақсад медошт, боз дубора назди мактаб меомад. Вале се рӯз боз аз он зани гумонбаршуда дараке нест».
Бо вуҷуди он ки Асҳобиддин Абдуллоев қасди рабуда шудани шогирдашро рад мекунад, аммо меафзояд, «ду сол пеш аз маҳаллаи мо дуртар айнан чунин ҳолат рух дода буд. Ва шукр, ки он нафарро ба гумони дуздии кӯдак дастгир намуданд. Агарчи ин зан мақсади дуздии кӯдакро надошта бошад ҳам, набояд сокинон нисбат ба ин масъала бетаваҷҷуҳ бошанд…

More From Author

You May Also Like