Categories Ахбори рӯз

Кӯлоб: комиссия аз номзад дар бораи тасбеҳ пурсид!

Муҳаммадшарифи Набӣ, раиси ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, пеш аз он ки номзадҳои онҳо номзадии худро гузоранд, ба онҳо фишорҳои зиёд буд, то ин ки номзадии худро бозпас бигиранд. Дар охир, ки ба ин муваффақ нашуданд, онҳо тавонистанд хилофи дастурамали КМИРТ барои донистани забони тоҷикӣ аз номзадҳо саволҳое пурсиданд, ки гӯё, донишҷӯ ба донишгоҳе дохил мешуда бошад.

Ба гуфтаи раиси ҳизби минтақаи мазкур, аксари номзадҳо бо надодани ҷавоб ба саволҳо аз имтиҳон нагузаштанд. “Дар ноҳияи Ҳамадонӣ комиссия аз номзадҳо дар бораи СММ ва кай ба Истиқлолият расидани Тоҷикистон пурсид. Ҳатто аз номзад пурсида шуд, ки тасбеҳе, ки мусалмонҳо мегардонанд, чӣ маънӣ дорад. Ва ин амал шаффоф будани интихоботро зери суол мебарад.

Бояд гуфт, ки дар минтақаи Кӯлоб 160 номзад ба Маҷлиси маҳаллӣ ва 23 номзад ба Маҷлиси вилоятӣ пешниҳод карда шуд, ин далолат аз он аст, ки ҳизби наҳзат дар минтақаи Кӯлоб фаъолияти густурда дорад.

Ҳамчунин Муҳаммадшарифи Набӣ илова кард, ки сохторҳои қудратӣ ба мақомотҳои болоӣ оморҳои дурӯғ пешниҳод карданд, ки гӯё ҲНИТ-ро заъф карда бошанд. “Ин фаъолияти хубе, ки мо дорем, омори онҳоро зери суол бурд. Ва ба хотири он заъфи гуфтаашонро рӯпӯш кунанд, фишоровариҳоро болои аъзоёни ҳизби наҳзат боз сар карданд. Мо бо нозирони байналмилалӣ вохӯриҳо доштем, ҳатто онҳо ба ин интихобот дигар боварӣ надоранд, ки ин метавонад обрӯи Тоҷикистонро дар дигар кишварҳо коста кунад.”

More From Author

You May Also Like