Созмони АВРУОСИЁ аз хазини зидди бӯҳронии худ ба Тоҷикистон 70 миллион доллар қарз додааст. Бино ба иттиллои расонаҳои хабарӣ дар шаҳри Душанбе маросими ба имзо расондани ин санад баргузор гаштааст. Сафаралӣ Наҷмиддинов вазири молияи Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон С. Наҷмиддинов ва аз ҷониби АВРУОСИЁ Сергей Шаталов ба ин санад имзо гузоштаанд. Қарзи мазкур ба мӯҳлати 20 сола дода шудааст. Интизор меравад, ки маблағи ихтисос ёфта, барои тақвияти соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар соҳоти иҷтимоии кишвар сарф карда шавад.
Categories
Ахбори рӯз