Амрико тасмим дорад, то ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон 9, 5 миллион доллар кӯмак молӣ намояд.
Бино ба гузориши бахши форсии радиои “Садои Хуросон” ин нуктаро сафири нави Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт зимни мулоқоти худ бо Рустам Назаров, раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир иброз намудааст.
Номбурда таъкид бар он карда, ки ин кӯмаки молӣ барои таҳким бахшидани марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон, мубориза бо маводи мухаддир, омӯзиши нерӯҳои амниятию низомӣ ва ислоҳот дар низоми пулиси Тоҷикистон хоҳад буд.
Бояд гуфт, мақомоти амрикоӣ муддаии он ҳастанд, ки аз 1992 то кунун ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон 984 миллион доллар кӯмак намудаанд.