Як гурӯҳ аз ҷавонон дар дар шаҳру навоҳии кишвар ба тарафдорӣ аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон, президенти феълӣ ва ҳамзамон номзади ҲХДТ ба кӯчаҳо баромада, роҳпаймоӣ карданд. Оид ба ин масъала назари коршиносонро бо суоли “ Ба назари Шумо, чаро ҳукумат ба чунин иқдом даст зад? Оё ҳукумат дар оянда омодааст, ки барои дигарон ҳам иҷозаи чунин роҳпаймоиро бидиҳад?”гирифтем:
Саидҷаъфар Исмонов, номзад аз ҲДТ: “Барои оромии ҷавонон шуда мо даст ба ин иқдом назадем. Зеро дар ҳолати ҷамъ шудани мардум шояд ягон ҳодисаи баде ба амал ояд. Ҷамъ шудани одами зиёд метавонад як кори дигар рӯх диҳад ва ҷамъ кардани ҷавонон низ бисёр кори мушкил аст. Бо роҳпаймоиву дигар корҳо мардумро фиреб карда, ба тарафдории худ кашидану дигар чизҳоро истифода бурда намешавад. Имрӯз мардум мардуми соли 90-ум нест, аз ин рӯ мо ин корро нолозим шуморидем.”
Саид Сафаров сокини пойтахт: “Ин амал ҳатто ба Президент ҳам даркор набуд! Чун ӯ аниқ медонад, ки мегузарад, пас намедонам ин ҳама ҳам-ҳамаҳо чӣ маънӣ доранд! Вале медонед аз ҳама аҷибу муҳимаш чӣ буд? Ин роҳпаймоӣ тариқи ТВ-ҳои давлатӣ нишон дода нашуд! Ин ҳукумат ба ҳаде метарсад мардумро гирдиҳам нишон диҳад, ки ҳатто ҷонибдорони худро ҳам нишон намедиҳад! Шумо мегуед Оё ҳукумат дар оянда омодааст, ки барои дигарон ҳам иҷозаи чунин роҳпаймоиро бидиҳад?! Ман мегӯям ҳеч гоҳ!”
Саймиддин Дустов, сардабири ҳафтаномаи “Нигоҳ”: “Фикр мекунам, ки ин иқдом дар сатҳи болотарин мувофиқа шудааст. Ҳарчанд ба он зарурате набуду ифодакунандаи чизе ҳам нашуд. Аз нигоҳи қонунгузории мавҷуда ғайрийонуни буд, зеро омодагӣ ба он дар макотиби олии кишвар гузашт. Қонун фаъолиятҳои сиёсиро ба макотиби олӣ манъ кардааст. Ҳадди аққал барои эҳтиром ба қонун он набояд баргузор мешуд. Дар оянда низ ҳукумат барои ҳамоишҳои эътирозӣ ба ҳич ваҷҳ розӣ намешавад, ҳарчанд ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва таъсирбахштарин шеваи талаби ҳақу ҳуқуқҳои мардум аст.”
Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил: “Албатта, раҳпаймоиҳои мазкур мисли “тазоҳуроти” ҷавонон дар назди сафорати Иёлоти Муттаҳида ба хотири ба Тоҷикистон супоридани Абдумалик Абдуллоҷонов ҳамагӣ фармоишӣ ҳастанд ва ҳукумат мутмаин аст, ки касе аз ин ҷавонон аз хатти кашидааш берун намеравад. Ба хусус, вақте, ки аксари кулли ин “тазоҳургарон” ё бо роҳи таҳдиди дучор шудан бо мушкилот ҳангоми имтиҳонсупорӣ ва ё ба хотири ваъдаи консерти ҳофизони дӯстдоштаашон ба стадионҳову наврӯзгоҳҳо оварда шудаанд. Гуфта наметавонам, ки худи пагоҳ ҳукумат ба тарафдорони афкори ғайр ҳам имкони бо ин роҳ изҳори ақида карданро медиҳад, вале ин роҳпаймоӣ метавонанд дар оянда дастаке шаванд ба мухолифин барои талаб кардани ҳаққи худ ба тазоҳурот.”