Categories Uncategorized

3 нафар кушта дар тазоҳуроти тарафдорони Мурсӣ Вижа

Имрӯз, 5 июли 2013, баъди намози ҷумъа тарафдорони башуромадаи Муҳаммад Мурсӣ, президенти барканоршуда, барои тазоҳуроти густурда дар майдони Робиъаи Адавия ва чанде аз вилоятҳои кишвар зери унвони “Ҷумъаи саркашӣ”, шуруъ шуд ва дар асари бархурд байни онҳо ва артиш ҳадди ақал 3 нафар кушта шуд.

Боздошти роҳбарҳои ҷамоати “Ихвонулмуслимин” дар ҳоле давом дорад, ки артиш борҳо таъкид кард, ки алайҳи ягон гуруҳ ё ҳаракатҳои сиёсӣ ягон амали истисноие сурат нахоҳад гирифт.

Ҳизби “Озодӣ ва адолат”, ки аз ҷамоати “Ихвонулмуслимин” сарчашма мегирад, дар сойти интернетии хеш менависад, ки тазоҳургарон дар майдони Робеъаи Адавия омодагӣ барои назоми ҷумъа зери нурҳои гарми офтобро шуруъ карданд ва минбареро он ҷо оростаанду аз он минбар дуо мекунанд, ки Худованди карим Муҳаммад Мурсиро пирӯз гардонад.

Инчунин, ин ҳизб гуфт, ки бисёре аз ҷавонони “Эътилофи миллӣ барои дифоъ аз машруъият” то ҳол роҳпаймоиҳоро дар ин минтақа тартиб медиҳанд ва нидоҳоеро дар саркашӣ аз он чи аз Роҳбарияти аршади артиши Миср содир шуд, баланд мекунанд, мисли “Азимати имони Мурсӣ, ҷамъ мекунанд миллионҳоро, эй Сисӣ, ҷосуси амрикоиҳо” , “Ба ҳуш ой Сисӣ, раиси ман аст Мурсӣ” ва ғайра.

Тазоҳургарони тарафдори Мурсӣ байрақҳои Миср ва суратҳое дар тарафдорӣ аз Мурсӣ, ки дар онҳо навишта шудааст: “Эй Аллоҳ бубин, ки мо шариати Шуморо ихтиёр кардаем”.

More From Author

You May Also Like