Рӯзи 27 июл бахши ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба иди саъиди Фитр ба наздики 50 нафар оилаҳои ятиму камбизоат кӯмаки яквақтаинаи хайриявӣ аз қабили орд, равған ва макарон расонида, ҳамчунин ба ду нафар аъзоёни ҳизб, ки дар бемористон бистарӣ мебошанд, кӯмаки молиявӣ расонид.
Дар ин бора Суҳроб Салимов, котиби бахши ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ дод.
Илҳомҷон Беков, раиси бахши ҳизб дар робита ба ин амали хайр гуфт, ки “ин тасмим тибқи барномаи кории бахши ноҳиявӣ ва шуъбаи суғдии ҳизб сурат гирифта шудааст ва бояд ин суннати накӯро доимо зинда нигаҳ дошт”.
Categories
Ахбори рӯз