Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон.
Тафсиру таҳлили Ислом дар ҳар вақту замон диққати уламоро ба худ ҷалб намудааст. Ҳар кадоме аз онҳо мувофиқи донишу фаҳмиши худ асар эҷод карда, ки на ҳамаи онҳо қобили қабуланд. Раванди ҳаводис ва таҳаввулотҳо баёнгари он аст, ки Ислом тафсиру таҳлили нав ва муосирро тақозо дорад. Аз ин хотир, чанд назареро бо истифода аз оятҳои қуръонӣ ин ҷо матраҳ месозем. Дар сарчашмаҳое овардаанд, ки Азозил ҳазор сол хазинадори Биҳишт буд ва ҳар рӯзро ба ҳазор соли индунёӣ баробар медонанд, ки ба 354 миллион соли қамарӣ баробар аст. Вале саволе ба миён меояд, ки ӯ хазинадори кӣ буд ва чиро хазинадорӣ мекард? Дар ҳоле ки биҳиштиён дар истифодаи меваю хӯрданиҳо озоданд, дигар чизҳо ҳам ҳадяи Худовандист барои одамон. Фариштагонро ба хӯрокаву пӯшока сару коре нест. Биҳишту дӯзах барои тақводорону зиёнкорон халқ шудаанд. Ҳурони биҳиштиро на чашми касе дидаву на дасти касе расида. Дар пештоқи ҳар даре номи соҳиби хона сабт гардида, аммо Азозил минбари худро дар куҷо сохт?
Дар ҷои дигар Азроилро қабзкунандаи рӯҳи одамон медонанд, пас рӯҳи дигар махлуқонро кӣ қабз мекунад?
Одам(а) қадаҳе хамр хӯрд ва аҳди Худовандро фаромӯш кард. Вале шароби биҳишт инсонро сархуш намесозад, баръакс меҳри одамиро ба Холиқ зиёдтар мегардонад. Ин шароби индунёист, ки мебарад ӯро ба бероҳагӣ.
Аммо бубинед Одам(а)-ро ба Сарандеб ва Ҳавворо ба Хуросон фуруд оварданд ва танҳо баъди дусад сол дар Ҷабали Раҳмат бо ҳам вохӯрданд. Дар ин дусад сол Ҳавво чӣ гуна ризқу рӯзӣ ва пӯшокае дошт?
Қурбонии Қобилу Ҳобилро дар Мино маънидод мекунанд. Онҳо чӣ гуна аз Сарандеб рафта, боз ба Сарандеб баргаштанд. Агар ин суханҳо нисбати Иброҳим(а) мебуданд, ҳақиқати воқеъӣ дошт.
Худованд мефармояд, ки ҳар нафсеро ҷуфт офаридам: нару мода. Ба қавли муфассирон дар киштии Нӯҳ(а) ҷуфти хук, муш ва гурба набудааст. Аз бинии фил ҷуфти хук, аз бинии хук ҷуфти муш ва аз бинии шер ҷуфти гурба офаридаанд. Вале мушҳо барои гуноҳашон аз ҷониби гурбаҳо ҳалок гардиданд. Пас дуюмбора онҳо чӣ гуна офарида шуданд?
Киштии Нӯҳ(а) ҳафтод бор гӯё Қаъбаро тавоф кардааст, вале Қуръон ин суханонро инкор мекунад: «Он гоҳ, ки баланд мекарданд Иброҳиму Исмоил таҳкурсӣ ва деворҳои хонаи Каъбаро…», (сураи «Бақара», ояи 127).
Яъне қабл аз Иброҳим Қаъба вуҷуд надоштааст.
Дар қиссае аз ҷониби шайх Аттор оиди Султон Ҷамҷама омадааст, ки ӯ дубора зинда карда мешавад ва ба Ислом рӯ меорад. Аммо ин ахбор на дар Қуръон асту на дар таърихи Исо. Чунин ҳикоя нисбати Узайр (а) дар сураи «Бақара», ояти 259 оварда шудааст.
Мавлоно Ҷомӣ ҳам дар қиссаи худ Алиро қаҳрамони мӯъҷизакор мешуморад. Гӯё рӯҳи вай пеш аз замони пайдоиши Одам(а) дасти девро ба чӯби хурмо бастааст, ки тақрибан баъди ҳафт ҳазор сол ин дастро мекушоянд.
Мавзӯи омӯзиши ҷинҳоро назари олимони шӯравӣ ҳам дунбол мекарданд ва ба гуфтаи онҳо ҷинҳо нисбат ба инсон умри дароз мебинанд ва талхии маргро низ мечашанд.
Ҳаким Фирдавсӣ дар қисми 1 ва 4-и «Шоҳнома» Аллоҳро ситоиш ва ба Паёмбар (с) дуруд фиристода аз дини Ислом маълумот медиҳад. Аммо дар қисмҳои 2- 3 ба Зардуштӣ гаравида, ки «Шоҳнома» моҳияти дуалистӣ пайдо мекунад. Пас ӯ чӣ гуна қуръонхон будааст, ки пайдоиши инсонро аз давраи Каюмарс оѓоз мекунад, дар ҳоле ки пайдоиши инсон дар тамоми таърихномаҳои динӣ ба Одам(а) мансуб аст.
Ибни Сино ҳам Қуръонро тафсир кардааст ва ба ақидаи ӯ як рӯҳ 5 маротиба ба замин ба вуҷуди панҷ нафар ворид шудааст. Аммо бо фармудаи Худованд дар Қуръон рӯҳи инсон дар замони қабз шуда, то рӯзи қиёмат нигоҳ дошта мешавад.
Мақсад аз навиштани ин матлаб бепоя донистани чизе дар Ислом нест, балки мурод тозагию покизагии он аст. Ҳамчун як фарди мусалмон намехоҳам нисбати Ислом туҳмату бадгумониҳо кунанд ва афсонаву сеҳрҳо бибофанд.
Нисбати муаррихону муфассирон ҳам ѓаразе надорем, зеро ҳар кадоме дараҷаи донишу ҷаҳонбинии худро доштаанд.
Танқид кардан осону ифшо кардан мушкил аст. Оё мо ба саволи Офаридгор дар рӯзи ҳашр дар мавриди чӣ хизмат кардани худ омода ҳастем? Асри 21 аст, асри тараққиёту пешравӣ ва инкишоф дар ҳама соҳа, хусусан васоили шинохт аст, ки ин ҳама ба Ислом алоқаи зич доранд. Барои мисол, макони киштии Нӯҳ(а) дар Наҷаф, сандуқи Сулаймон дар Ҳабашистон, дигаре аз хонаҳо, ки дар дили санг барои азоби Худованд сохта буданд дар Африқои Ҷанубӣ, оби шӯру ширин дар Халиҷи Форс.
Дар назди уламо вазифа ва масъулияти бузургест, ки мебояд Исломро аз нав мавриди омӯзиш қарор диҳанд ва ҳар факту далелро бо илми Қуръон асоснок намоянд. Аксбардорӣ кунанд ва силсиласуратҳоро бисозанд.
Қуръон фасона нест, ҳақиқат ва таърихнома аст.
Бознашр аз “Наҷот”