Categories Ахбори рӯз

Интихоботи Парлумонии 2015 бо роҳи овоздиҳии электронӣ мегузарад

Комиссияи Марказии Интихоботи Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар интихоботи соли 2015- Парлумонии Тоҷикистон овоздиҳии электронӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Муҳибулло Додоҷонов ба оҷонсии Азия Плюс иттиллоъ дода гуфтааст, ки дар марҳилаи аввал шаҳрҳои бузург амсоли Душанбе Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ, Турсунзода ва Истиравшан ба низоми овоздиҳии электронӣ мегузаранд. Муҳибулло Додоҷонов гуфтааст, ки барои гузаштан ба ин низоми овоздиҳӣ танҳо барои ин шаҳрҳо 5 миллион доллар ва барои саросари кишвар 22 миллион доллар лозим будааст. Гуфта мешавад, ки ба роҳ мондани овоздиҳии электронӣ ба хотири таъмини интихоботи шаффоф ва демократӣ арзёбӣ карда мешавад.

More From Author

You May Also Like