26 июн ду шаҳрванди Тоҷикистон падару писар Халифаев Нурмаҳмад соли таваллудаш 13 феврали соли 1956 ва Халифаев Абдураҳмон Нурмаҳмадович соли таваллудаш 17 январи соли 1979 ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш намуданд, ки барои баргардонидани онҳо ба назди зану фарзандҳояш ба Федератсияи Россия мусоидат намоянд. Дар ин бора менависад сомонаи хадамоти мазкур.
Ин нафарон истиқоматкунандагони шаҳри Ваҳдат буда, аз соли 2011 инҷониб ба ҳайси муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Талятии Федератсияи Россия дар яке аз ширкатҳои сотумонии «Стройсити»-и ин шаҳр кору фаъолият менамуданд.
Дар муроҷиатномаи худ Халифаев Нурмаҳмад иброз доштааст, ки ҳангоми фаъолият дар яке аз сохтумонҳои шаҳри Пенза, ки аз ҷониби Ширкати мазкур фиристода шуданд, 27 феврали соли 2013 аз тарафи кормандони Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия барои тафтиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ташриф оварданд. Дар натиҷаи тафтиш барои надоштани Патент ва иҷозат барои кор кормандони ХФМР ин нафаронро ҷарима карда, маблағи он бошад аз ҷониби кордиҳанда ҳамон лаҳза пардохт мегардад, аммо ҷаримашудагон худ аз рафти кор бехабар буда, кору фаъолияти худро дар он сохтумон идома медиҳанд.
Мутаасифона бо мақсади аз нав гирифтани корти «муҳоҷирати» падару писар 5 май соли ҷорӣ сарҳадро убур намуда ба Ҷумҳурии Қазоқистон мегузаранд, ҳангоми кӯшиши дубора ворид шудан ба қаламрави ФР аз ҷониби кормандони мақомоти наздисарҳадии ин кишвар ба онҳо иҷозат дода намешавад.
Ин ҳама дар ҳолест, ки аз ҷарима шудану пардохтгаштани он шаҳрвандон бехабар буда, на аз тарафи кормандони Хадамоти Федеролии муҳоҷирати шаҳри Пенза на аз тарафи роҳбарияти Ширкат ба ин нафарон аз ҳолати бавуқӯъомада огоҳӣ дода нашудааст.
Айни ҳол шаҳрвандон Нурмаҳмад Халифаев ва Абдураҳмон Халифаев аз ҳуқуқи воридшудан ба қаламрави Русия ба муддати 3 сол маҳрум гашта, дар ҳолати ногувор ва сарсонии оилаҳои худ дур аз Ватан буда, дар таҳлука афтодаанд.
Дар ҳамин ҳол Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушёри дода, барои ба ҳолатҳои ногувор дучор нашудан муроҷиат менамояд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаи худро сари вақти бо тартиби муқаррар намудани қонунгузории кишвари қабулкунанда ба даст оваранд ва ҳангоми дучор шудан ба чунин ҳолатҳо ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ва Намояндагиҳои он дар ФР муроҷиат намоянд.
Бояд гуфт, ки дар тули як ҳафта аз Русия ба Тоҷикистон зиёда 30 нафар шахрвандон хориҷ шуданд. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки Русия вобаста ба ин мавзу якчанд ниятҳо дорад, ки якеаш русҳо мехоҳанд то бо Аврупо бидуни виза рафтуомад сурат гирад. Яъне Аврупо аз русҳо талаб дорад, ки дар самти муҳоҷират тартиб ва низомро ҷорӣ намояд.