Categories Ахбори рӯз

Қонунгузорони Миср Умар Сулаймонро аз номзадӣ маҳрум мекунанд


Кумитаи қонунгузории Маҷлиси мардумии Миср (палатаи поин)қонуни «маҳрумияти сиёсӣ»-ро, ки аз тарафи вакил Исом Султон пешниҳод шуда буд, қабул намуд.

Ин қонун сарони низоми диктотурии собиқро аз иштирок дар интихоботи парлумонӣ ва президентӣ маҳрум месозад ва генерал Умар Сулаймон шояд аввалин касе мебошад, ки ин қонун алайҳи ӯ татбиқ мешавад.

Мувофиқи ин қонун, ҳар касе, ки дар 5 соли ахири ҳукумати собиқ дар аҳди Ҳуснӣ Муборак вазифаи раҳбарият дар раёсати ҷумҳурӣ ё ҳукуматро дошт ва ё аз тарафи собиқ президент Ҳуснӣ Муборак дар маҷлиси мардумӣ таъин шуда бошад,

наметавонад мансаби президентӣ, ҷойнишини президент ва сарвазирро то

даҳ соли оянда аз таърихи барканории Муборак ишғол намояд.

Қувваҳои мусаллаҳ эълом доштанд, ки ягон номзадро дастгирӣ намекунанд ва президент аз тариқи интихоботи озод ва одилонаи халқ ба курсии раисҷумҳур менишинад

More From Author

You May Also Like