Муҳиддин Асозода
25.04.2012, 13:50
«Хуб мешуд таваҷҷӯҳи мусалмонони садри Исломро дар мавриди муомилаи додугирифт ва аҳмияти он дар зиндагии як мусалмон ёдовар шавем. Бахусус, ҳазрати Умар (р), халифаи муслимин аз ҳар касе, ки мехост вориди тиҷорат шавад, дархост мекард, ки сараввал фиқҳи муомилотро фаро бигирад. Ҳазрати Умар (р) мефармуд: «Мо аз хавфи ин ки мубтало ба судхурӣ нашавем, аз даҳ ҳиссаи ҳалол нуҳ ҳиссаи онро тарк менамудем.»- чунин гуфт Исломиддини Асомиддин, корманди Академияи исломии ҲНИТ дар ҷаласаи илмие, ки бо ташаббуси ин академия 25 апрели соли равон ба номи «Муомилоти молӣ дар фиқҳи исломӣ» дар қароргоҳи марказии ҳизб баргузор гардид.
Дар ин нишаст, раисони шӯъбаҳои ҲНИТ, донишмандон ва ҳаводорони баҳсҳои илмӣ ширкат варзиданд.
Қисмати дуввуми ин нишаст, ки шомили суолу посухҳо буд ва ҳозирин дар он бисёре аз мушкилиҳои рӯзмарраи тиҷоратиро баҳсу баррасӣ карданд.
Матни пурраи ин суҳбатро баъдтар дар ихтиёри хонанда қарор медиҳем.