Заминҷунбии 5, 5 дараҷаи ҷадвали Рихтер навоҳии тобеи ҷумҳурро ба ларза даровард. Бино ба иттилоои маркази зилзилашиносии Тоҷикистон маркази ин зилзила дар 68 километрии ҷанубу шарқ дар минтақаи наздик ба ноҳияи Роғун рух дода ва шиддати заминларза дар маркази он 5,5-и Рихтерро ташкил додааст. Бино ба таъйиди ин марказ зилзила соати 21:26 ба вақти маҳаллӣ руй дода. Ларзиши он дар марказ ҳудуди 5, 5 дараҷаи Рихтер будааст. Дар шаҳри Душанбе 2,3 ва дар Норак 3.3 ва дар Роғун 4 дараҷа ларзиши замин ба қайд гирифта шудааст.
Categories
Ахбори рӯз