Categories Uncategorized

Матни суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар Анҷумани ҲНИТ (1)

Видео: Суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар Анҷумани ҲНИТ

Суханронии Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ дар Анҷумани даҳуми ҳизб:

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Ҳамд мар Худоро ва дуруд ба Расули Ӯ – Муҳаммад (с) ва олу асҳоби ишон.

Муҳтарам вакилони Анҷумани даҳуми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, муҳтарам раёсат ва аъзоёни гуруҳи кории ИНИТ, муҳтарам сафирҳо ва намояндагони сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, рӯзноманигорон ва муҳтарам Комиссияи марказии интихобот ва Вазорати адлияи ҶТ, якояки Шуморо ба анҷуман хайрамақдам мегӯям ва аз Худованди маннон барои ҳамагон ва барои ин анҷуман тавфиқу натиҷаҳои хуб ва барои кишварамон сулҳу оромишро таманно дорам.

Агарчи бар души мо масъалаи пеш бурдани кори Анҷуманро гузоштанд, вале мехостам, ки пеш аз он ки шуруъ кунем, ба Раёсати анҷуман чанд нуктаеро ҳамчун вакил ба Шумо изҳор намоям.

Табиист, ки назаре ки банда хоҳам гуфт, танҳо назари шахсиям нахоҳад буд, балки ин натиҷаи ҷаласаҳои тулонии Раёсати олӣ ва Шурои сиёсии ҳизб ва чандин маҳфилу нишастҳои дигар аст, ки моро то имрӯз расонид. Мо имрӯз иншоаллоҳ бо кумаки Худованд тасмими дурустро хоҳем гирифт.

Дар масъалаи тасмимгирӣ мо як асл дорем, ки асли қуръонӣ аст: Худованд мефармояд: Ва шовирҳум филамр ва изо азамта фатаваккал ъалал-лоҳ. Яъне бо мардум, атрофиёнат ва дустонату ҳамкоронат машварат бикун ва агар тасмим гирифтӣ, пас таваккал ба Худо кун. Ин асли қуръонӣ аст, ки ҲНИТ ва роҳбарияти он аз рӯзи аввали кораш ба ин асл пойдор аст ва тамоми тасмимҳои Наҳзати исломӣ дар пояи машварат, шуро ва ҳамдигарфаҳмии дохилӣ гирифта мешаванд. Баъд аз он ки машварат анҷом шуду роҳбарият тасмим гирифт, дигараш такя ба мардум ва таваккал ба Худо аст. Агар имрӯз мову Шумо ба тасмими ниҳоӣ расидем, боқиш мемонад иродаи мардум ва кумаки Худованд.

Мо дар масъалаи  интихоботи президентӣ ҳанӯз моҳи декабри соли 2012 қарори Раёсати Олӣ доштем, ки Наҳзат дар интихоботи ояндаи 2013 иштирок хоҳад кард ва ҳеч далеле барои ширкат накардан надорем.

Наҳзат бисёр шаффоф ва ошкор ва бо самимият формулаи иштирокаш дар интихоботро ба ҳамагон ва ҷомеа пешниҳод кард. Мо гуфтем, ки агар ҲХДТ, ки масъулияти имрӯзаи кишварро ба душ дорад, бо паёме ё бо барномае пойбандии худро ба руҳияи Созишномаи сулҳу Ваҳдат ва оштии миллӣ нишон бидиҳад, эҳтимол дорад, ки ҲНИТ дар масъалаи пешбарии номзади муштарак ҳамкорӣ кунад. Бисёр шаффоф ва ошкор ва бидуни ягон мулоҳизот, Наҳзат ин формуларо пешниҳод кард.

Варианти дуюм, агар аввалӣ нашуд, Наҳзат дунболи як номзади миллии фароҳизбӣ ва чеҳраи миллӣ, ки аз ҲНИТ ва дигар ҳизбҳо берун бошад, хоҳад шуд ва дар атрофи ӯ ҷамъ шавад, агар барномаи интихоботии он номзади миллӣ мутобиқ бо арзишҳои ҲНИТ ва ба манфиати давлату миллат бошад.

Агар чунин вариант ҳам пайдо нашуд, дар он сурат варианти сеюм ҲНИТ бо номзади худи ҳизб ба майдони сабқат ворид хоҳад шуд.

Ҳоло вазъияте, ки мову Шумо дорем ин аст, ки мо ҳеч паёмеро (аз ҲХДТ) дарёфт накардем ва дар ҳеч суҳбате ё мусоҳабае ишора ба Созишнома ва ба идомаи руҳияи Созишнома, ки он танҳо ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва эҳтирому эътирофи якдигар аст, нашуд. Аммо он масоили 30-фоизаву протоколҳои ҷузъӣ ҳадаф набуданд ва нахоҳанд буд, вале руҳияи намирандаи Созишнома ин аст, ки мо якдигарро бубахшем ва алайҳи якдигар амалҳои иғвогарона ва сиёҳ карданро қатъ кунем ва ҳатто дар яке аз санадҳои муътабаре, ки ҷузъе аз Созишномаи сулҳ аст, ин ҷумларо ҳар ду тараф ҷо кардем: Лаънати мардум ва ғазаби Худо бар касе бод, ки бо истифода аз ҷанги шаҳрвандӣ якдигарро сиёҳ мекунанд. Мо инро асли руҳияи Созишнома медонем ва шояд ҳамаи кишвар ва масъулин ба ин руҳия пойбанд ҳастанд, вале чун он (аз тарафи ҲХДТ) эълон нашуд, ҲНИТ дунболи ду варианти дигар рафт.

Мо тамоми талоши худро барои пайдо кардани як шахсияти миллӣ, ки фароҳизбӣ ва берун аз ҳизбҳои сиёсӣ бошад, то битавонем ӯро ба ҷомеа муаррифӣ намоем ва дар атрофи ӯ ҷамъ шавем, сарф кардем.

ҲНИТ аз рӯзи аввал ҷонибдори якҷоя рафтан бо тамоми нируҳои сиёсӣ ва мардумии кишвар буд ва то имрӯз пойбанд ба ин иродаи хеш боқӣ мондааст.

Худоро шукр мегӯем, ки баъди талошҳои зиёд дар ҷомеаи мо барои ташкил кардани эътилофҳо ва иттиҳодҳо чандон муваффақ набуданд, билохира ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷомеаи шаҳрвандиву шахсиятҳои маъруфи кишвар ба ин натиҷа расиданд, ки бояд як эътилоф ё иттиҳоди қавии ҳамагониро ташкил кунанд ва якҷоя ба интихоботи президентӣ ворид шавем.

Бори аввал дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ва сулҳу ваҳдат, нирӯҳои аслии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин натиҷа расиданд, ки ниҳоятан таъсиси ИНИТ сурат гирифт ва мо дар се масъала тавофуқ кардем:

Якум масъала, мо бо номзади ягона вориди интихобот мешавем. Вале бояд як нуктаро равшан кунам, ки ҲНИТ як тарҳи дигарро дар ҳамин дошт. Мо соатҳо бо дустонамон дар ИНИТ баҳс кардем. Пешниҳоди Наҳзат ин буд, ки ҳар ду ҳизб (ҲНИТ ва ҲСДТ) номзади худашро муаррифӣ кунад ва марҳалаи сабти номро бигзарем ва агар ҳар ду номзад сабти ном шуданд, баъдан дар рафти кор мебинем, ки яке аз номзадҳо ба фоидаи номзади дигар номзадиашро пас хоҳад гирифт. Ҳамин тариқ мо шонси бештари кор бо мардумро пайдо хоҳем кард. Вале ин пешниҳод ҲНИТ аз тарафи дигар ҳамкорон пазируфта нашуд ва гуфтанд, ки мо бо ин роҳ нирӯи худамонро пароканда мекунем ва бояд аз аввал барои пайдо кардани як номзади ягонаи эътилоф кушиш кунем. Вақте дидем, ки аксарият пешниҳоди моро напазируфтанд, мо ҳам қабул кардем, зеро ҲНИТ ин боварро дошт, ки номзади худро метавонад сабти ном кунад, ҳатто агар мустақилона биравад. Вале гуфтем, ки шояд барои дигар дустон душворӣ пеш ояд ва барои ҳамин мо розӣ ҳастем, ки аз ин даъвои худ бигузарем ва номзади ягонаро аз аввал пешниҳод кунем. Ин тавофуқе буд, ки мо, Худоро шукр, дар иттиҳод ба он расидем.

Масъали дуюм ин буд, ки агар номзади ягона интихоб шуд, тамоми аъзои гуруҳи кории Иттиҳод шахси боэътимоди ин номзад эълон хоҳанд шуд ва мо дар ҷаласаҳои кориамон ба тавофуқ расидем.

Масъалаи сеюм он буд, ки тафсилот ва ҷузъиёти ҷаласаҳои гуруҳи корӣ, мисли чаро номзади ҲНИТ ё ҳизби дигар қабул нашавад ва чаро шахсияти ҳизби хориҷ аз ҳизбҳо пешниҳод шавад, дар дохили гуруҳи корӣ боқӣ хоҳанд монд, зеро Иттиҳод байни ҳизбҳои сиёсӣ ин қадами аввали ташкили эътилоф дар сатҳи ҳукумат аст. Эътилофи ҳизбҳои сиёсии мухолиф, агар воқеан ҷиддӣ бошанд, ки дар оянда бояд ҳукумат ташкил кунанд, ин қадами аввал барои ташкили ҳукумати эътилофӣ аст. Ҳукумати эътилофӣ ва ҳама шакли ҳукумат, чи эътилофӣ бошад ва чи яккаҳизбӣ, масъулияти давлатдорӣ ва идораи ҷомеаро дорад, ки бе паҳлуҳои махфии масъала нест. Мо бояд зинаҳои давлатдориро хуб мушаххас кунем ва ҳизби сиёсӣ ин зинаи аввали давлатдорӣ аст. 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон имрӯз ҷузъи низоми давлатдории кишвар ҳастанд. Ба ҳамин хотир, мо ба ин тавофуқ расидем, ки тамоми асрори дохилӣ мемонад ва фақат ин гуруҳи корӣ, ки ваколату салоҳият аз эътилоф гирифтааст, номзад ва намояндаро муаррифӣ менамояд.

Алҳамдулиллоҳ, ки то имрӯз ҳамаи аъзои гуруҳи кории ИНИТ ба ин се масъала пойбанд монданд ва ҳеч кадоме аз тафсилоти ҷаласаҳои дохилии мо ба матбуот нарафтааст. Ман аз аъзои гуруҳи кории ИНИТ, аз ҷумла устод Тураҷонзода, хонум Бобоназарова, устод Умаров, устод Қосимов ва бародари азизамон Раҳматилло Зоиров ва дигар дустон, ки то имрӯз ҳамаамон пойбанди ин аҳду паймон ва тавофуқоти муштарак боқӣ мондем. Иншоаллоҳ, бовар дорам, ки дар оянда ҳам боқӣ хоҳем монд.

Агар дар ин байн гапе буд, билохира рӯзноманигорон ҳастанд, суол медиҳанд ва ин амри табиъӣ аст ва ин бармегардад ба таҷриба ва ба баъзе масъалаҳои шахсии дигар. Аммо дар маҷмуъ ИНИТ бо ҷиддият ва бо ҳамон тавофуқоте, ки доштем, амал кард ва ин нишонаи он аст, ки эътилофи мо аввалин имтиҳони ҷиддиро паси сар кард.

More From Author

You May Also Like