Ҷомеъае, ки дар он насиҳатгар набошад, аз рушду тараққӣ боз мемонад

Ҷомеъае, ки дар он насиҳатгар набошад, аз рушду тараққӣ боз мемонадКасе ки туро бе
ғараз насиҳаат кард, бидон, ки ӯ дӯстдори туст. Касе ки айбу нуқсони туро бо ту
нагуфт, илова бар он чанд ҷумлае ҳам аз ту таъриф кард, ӯ хайрхоҳи ту нест, балки ӯ бадхоҳи туст.

Набии карим,
Муҳаммад (с) мефармояд: “Дин саропо насиҳат аст”. Инчунин Умар ибни Хаттоб (р) мефармояд:
“Қавме ки хайрхоҳи якдигар нестанд, ва хайрхоҳи худро дӯст намедоранд, ҳеҷ
хайре дар он қавм нест”.

Дар мадорису
донишгоҳ донишомӯзон агар носеҳи ҳамдигар набошанд, пас хайре дар онҳо ҳам
нест. Баъзе аз донишомӯзон ёддошт менависанд, тазаккур медиҳанд. Маъюс ҳам
намешаванд, ки як бор гуфтем, дигар ба мо чӣ? Борҳо тазаккур медиҳанд.

Як чизро бояд
мадди назар дошт: тазаккури донишомӯзон ҳамеша бояд ҳамроҳ бо адаб ва ҳикмат
бошад.

Имрӯза офате, ки мо
ба он гирифтор ҳастем, ин аст, ки мо насиҳатгар нестем. Мо бояд носеҳ ва
хайрхоҳи ҳамдигар бошем ва носеҳонро ташвиқ ва тақвият кунем, бояд сабаби рушди
онҳо ҳам бошем. На ин ки онҳоро аз гуфтаҳояшон пушаймон кунем. Чаро ки ҷамоате,
ки носеҳ дар он набошад, он ҷамоат аз рушду тараққӣ мемонад.

Ҳазрати Умар (р)
мефармояд: “Худо бар он фард раҳмат кунад, ки айбҳои Умарро ба умар ҳадя кунад.
Ишон тазаккур аз айбро таъбир ба ҳадя карданд. Ҳамон гуна ки ҳадя барои ҳар
фарде фараҳбахш аст, барои ҳазрати Умар (р) тазаккури айбҳои ишон чунин аст.

Оре, касе ба мо
айби зоҳирии моро ёдовар шавад ва мо чунин хушҳол шуда, аз ӯ ташаккур кунем,
пас касе айби ботинии моро ба мо ёдовар шавад, ки фалон амалат, фалон ахлоқ, фалон
рафторат хуб нест, оё мо набояд дар ин маврид ташаккур кунем? Имрӯз агар
бидонем, ки ин айб дар мо вуҷуд дорад ва
бидуни тавба бимирем, фардои қиёмат, пеши Аллоҳ расво хоҳем шуд.

Агар айб ба рӯи
ту гуфта шавад, қабул кун! Шарҳ мадеҳ, магар он вақт, ки ҳамдигарнофаҳмӣ шуда
бошад. Дар чунин сурат шарҳ додан мушкиле надорад. То суитафоҳум рафъ шавад. На
ин ки ба ҷонаш бияфтӣ ва бо ӯ душман шавӣ.

More From Author

You May Also Like