Чандест мавзӯъи аслии баҳси расонаҳои ҷаҳон ҳодисаҳои минтақаҳои мусалмоннишин аст. Дар бештари шабакаҳои хабарӣ ҷои ибораи радикализми исломиро давлати Исломӣ гирифтааст. Давлате, ки пайдоишу қудраташ ҳамаро дар ҳайрат гузоштаасту имрӯз ҷаҳон гӯё бо як давлати исломии ҷинояткор дар ҷанг аст. Давлате, ки ба ақидаи бештари коршиносон зодаи чанд омил аст. Омилҳое, ки таъминкунандаи манофеъи бархе кишварҳо мебошанд.
Чунин амалҳо хонум Лорен Бутро бетараф нагузошт. Ба ҳамин хотир чанде пеш дар сойти шабакаи хабарии CNN мақолае навишт ва амалҳои ғарбро дар муқобили Ислом мавриди сарзаниш қарор дод. Хоҳари ҳамсари нахуствазири собиқи Британия Тони Блер дар мақолаи худ ба он нукта ишора мекунад, ки хабарҳо дар бораи ДИИШ ё Алқоида ба гунае таҳия мешаванд, ки афкори умумии мардуми Аврупоро фиреб медиҳанд ва ҳадаф аз онҳо нишон додани чеҳраи хашин ва ваҳшатнок аз Ислом аст.
Ӯ дар бахши дигари суханони худ ба ин мавзӯъ мепардозад, ки расонаҳои ғарбӣ вақте дар бораи Ислом сухан мегӯянд танҳо дар бораи ҷиҳод ва ҷангаш мегӯянд дар ҳоле, ки Ислом ҷанбаҳои дигаре низ дорад. Дар бораи силаи раҳм, эҳтиром ба падару модар, кумак ба маҳрумон ва дигар ҷанбаҳои инсонии ин дини созанда ҳеҷ ишорае намешавад.
Лорен Бут хоҳари ҳамсари Тони Блер нахуствазири собиқи Англя, ки худаш хабарнигор аст дар соли 2010 Исломро пазируфт ва аз он рӯз то ҳоло борҳо аз мавқеъи Ғарб дар муқобили Ислом интиқод кардааст.