«Лучоб» – Ғолиб!

Бо ташаббуси шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ ва раиси он Қиёмиддини Аваз дар қароргоҳи марказии ҳизб аз 15 март то 3 апрели соли ҷорӣ мусобиқаи волейбол идома ёфт.

Дар ин мусобиқа асосан тимҳои шаҳри Душанбе ва атрофи он Сулҳ, Шоҳмансур, Ихлос, Лучоб, Дудпатӣ, Сомон, Бухорои Шариф, Нӯр ва Ансор иштирок доштанд ва ба бозии финалӣ Лучоб ва Дудпатӣ баромаданд ва ин бозӣ аз 5 давр иборат буд.

Бозии мазкур бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи дастаи Лучоби ноҳияи Варзоб анҷом ёфта, ҷойи якум насиби онҳо ва ҷои дуввум насиби дастаи Дудпатӣ аз маркази ҲНИТ ва ҷои сеюм насиби дастаи Сомон аз ноҳияи Сино-2 гардид.

Дар назар аст, ки ғолибони мусобиқа дар таърихи 07.04.12, ки вохурии раиси ҲНИТ бо ҷавонон баргузор мешавад, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда мешаванд.

Бояд ёдовар шуд, ки танзимгари мусобиқаи мазкур масъули бахши варзиши ШҶВ-и ҲНИТ Саид Маҳмудов буда, ҳамарӯза аз болои он назорат мебурд.

More From Author

You May Also Like